Тақвият додани сафарбаркунии захираҳои мавҷуда барои таъминоти ваксинаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2019-03-01

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.2018, №343 оид ба тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 23 апрел то 5 майи соли 2018 гузаронида шуд, як қатор чорабиниҳо бахшида ба тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуданд.

Мақсади гузаронидани чунин чорабиниҳо ин гузаронидани тарғиботу ташвиқот дар самти сафарбаркунии захираҳо бо мақсади беҳтар намудани дастраснокии маълумоти сифатноку дақиқ оид ба манфиатҳои иммунизатсия ва фаъолона истифодабарии ваксинаҳо барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани маълумотнокии шахсоне, ки нисбат ба тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд, мебошад.

Вобаста ба ин, тибқи иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар санаи 24 апрели соли 2018 дар сатҳи ҷумҳурӣ мизи мудаввар бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва намояндаҳои дигар вазорату идораҳои дахлдор бахшида ба тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо гузаронида шуд, ки дар маҷмўъ 50 нафар иштирокчиён ҳузур доштанд.

Дар ин раванд, дар сатҳи вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ мизи мудаввар бахшида ба тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо дар минтақаҳои Кўлобу Бохтари вилояти Хатлон, водии Рашт, вилояти Суғд ва ВМКБ гузаронида шуданд, ки дар натиҷа 112 нафар шахсоне, ки нисбат ба тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд, иштирок намуданд. Дар рафти тақвият додани сафарбаркунии захираҳо барои таъминоти ваксинаҳо аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” як қатор варақаҳои иттилоотӣ, буклетҳо, футболкаҳо, кепкаҳо ва постерҳо инчунин феҳристҳо ва даъватномаҳо коркарду чоп шуда, ба тамоми шабакаи муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд. Инчунин видеоролик дар шабакаҳои телевизиони "Тоҷикистон", "Ҷаҳоннамо", "Сафина";, "Душанбе", "Синамо" ва "Баҳористон" нишон дода шуд.

« Ба қафо