Тақдими 10 адад нақлиёти хизматӣ ба муассисаҳои иммунопрофилакта

2019-02-24

Афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсия мунтазам паст карда мешавад.

Новобаста аз он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз усулҳои муосири соҳа амалӣ шаванд. То ҳол эҳтимолияти хатари хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ аз байн бурда нашудааст. Бо назардошти мавҷудияти ин хатар зарурияти мунтазами роҳбарикунӣ, таъминоти устувории молиявӣ барои харидории ваксинаҳо ва маводи иммунизатсионӣ, ташкили назорати босифати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои дар таҳти назорат буда, бурдани ташвиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатия аз байн нарафтааст.

Дар доираи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №456 тасдиқ шудааст, барои таъмини амнияти беҳдоштию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурӯҷи бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор нигоҳ доштани мақоми “Давлати озод аз бемории фалаҷ”, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модарону кӯдакон, пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи татбиқи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №456 тасдиқ шудааст ва Лоиҳаи АГВИ “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ имрӯз, 1 март ба филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақаи Рашт, инчунин марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Сангвор 1 ададӣ нақлиёти хизматии тамғаи “ВАЗ 21214”, ки дар маҷмӯъ 10 ададро ташкил доданд, тақдим карда шуданд. Илова бар ин, филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар вилояти Суғд бо 1 адад нақлиёти хизматии тамғаи “Газел NEX A21P22-1070” (Авторефрижиратор) ва бо 1 адад нақлиёти хизматии тамғаи “Газел NEX A21P22-1070» (Боркаш) таъмин гардид.

« Ба қафо