“Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” (ҲАИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2019-03-02

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурпии Тоҷикистон аз 17.04.2018, № 343 оид ба ташкил ва гузаронидани “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 23 то 29 апрели соли 2018 дар чорчубаи барнома, ки доир ба сенздаҳсолагии Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия (ҲАИ) бо дастгирии бевоситаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бахшида шудааст, дар ҳамаи муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, корҳои муайяне гузаронида шуданд. Шиори имсолаи ҲАИ – ин “Ваксинаҳо амал мекунанд” мебошад.

Дар тамоми минтақаҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои таблиғотӣ оид ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ташкил ва гузаронида шуданд. Дар муассисаҳои тиббӣ вохўриҳо, баромадҳо ва мизи мудаввар оид ба ин чорабинии муҳим, ташкил ва гузаронида шуданд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад (боғҳои истироҳатӣ, мағозаҳо, бозорҳо, истгоҳҳо), бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия, як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла тақсимоти варақаҳои ташвиқотӣ байнӣ аҳолӣ, ки махсусан барои Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чоп ва нашр карда шуда буданд, ба анҷом расонида шуданд. Аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” як қатор варақаҳои иттилоотӣ инчунин банерҳо (99 дона), феҳристҳо (58 дона) ва даъватномаҳо (58 дона) коркарду чоп шуда, ба тамоми шабакаи муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд.

Бахшида ба ин маъракаи муҳими соҳаи тандурустӣ мизи мудаввар таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода С.Ғ. баргузор гардид, ки онҳо дар баромади худ чунин нуқтаҳои муҳимро қайд намуданд: “Аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кўдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кўдакон ўҳдадорӣ гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи Ташкилоти умумичахонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии Ташкилотҳои байналхалқӣ ба монанди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва ё маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, оғоз намуд.

Дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардиданд, ки онҳо барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кўдакон равона шудаанд.

Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо, хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия паст карда мешавад ва маҳви баъзеи аз онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Новобаста аз он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз пешравиҳои ҳозиразамони соҳа, ба нақша гирифта шаванд. Дар айни ҳол, эҳтимолияти хатари хуруҷи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ аз байн бурда нашудааст, бо назардошти мавҷудияти ин хатар зарурияти мунтазами роҳбарикунӣ, таъминоти устувории молиявӣ барои харидории ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ, ташкили назорати босифати эпидемиологӣ аз рўи бемориҳои дар таҳти назорат буда, бурдани ташфиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатия аз байн нарафтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори дигар давлатҳои минтақаи аврупо Ҳафтаи аврупои иммунизатсия гузаронда мешавад. Ин чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ, бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2006 то ин ҷониб ҳамасола баргузор шуда истодааст. Мақсади маъракаи имсола ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариятҳо ва моҳияти иммунизатсия ва додани диқати махсус ба маҳви бемориҳои сурхча ва гулафшон дар сатҳи глобалӣ мебошад. Иммунизатсия ҳамчун яке аз чорабиниҳои бомуваффақият ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардидааст. Иммунизатсия боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад. Тибқи маълумотҳои мавҷудбуда, ҳамасола бо шарофати истифодабарии ваксинаҳои ҳаётан муҳим 2-3 миллион нафар фавт пешгирӣ мегардад. Масъалан, ваксинаи зидди бемории сурхча дар саросари ҷаҳон аз соли 1960 истифода бурда мешавад ва аз соли 2000 то 2013 ваксинатсия бар зидди бемории сурхча 15.6 млн фавтро аз ин беморӣ пешгирӣ намуд. Ҳарсола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар, ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст. Дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, тақсим намудани брошураҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, ташкил ва гузаронида мешаванд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.

« Ба қафо