Истифодабарии ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ (ИПВ)

2019-02-28

Бахшида ба оғоз намудани истифодабарии ваксинаи ИПВ дар ҷумҳурӣ зери роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Умарзода С.Ғ., бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони милали муттаҳид ва намояндаҳои васоити ахбори омма дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” нишасти матбуотӣ гузаронида шуд. Дар баромади худ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Умарзода С.Ғ. чунин қайд карданд: “Моҳи майи соли 2012, Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки анҷомдиҳии марҳилаи барҳамдиҳии бемории фалаҷ «Вазифаи фавқулоддаи барномавӣ баҳри тандурустии омма» дар сатҳи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси глобалӣ оид ба барҳамдиҳии бемории фалаҷ, аз тарафи Намояндагони Ассамблея ва гурўҳи экспертии машваратчиёни стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (SAGE) «Нақшаи стратегӣ оид ба барҳамдиҳии бемории фалаҷ ва амалӣ намудани марҳилаи хотимавӣ дар солҳои 2013-2018» таҳия шуд. Тибқи нақшаи мазкур, тамоми ваксинаҳои бар зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешаванд, бояд тадриҷан аз муомилот бозпас карда шаванд.

Гурўҳи экспертии машваратчиёни стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (SAGE) дар асоси ташаббуси дар болозикргардида ба ҳама давлатҳо чунин пешниҳодҳо доданд:

  • То охири соли 2015 ба тақвими миллии иммунизатсия ворид намудани на кам аз 1 вояи ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ – ИПВ. Бо сабаби ба миён омадани мушкилотҳои истеҳсолӣ, воридкунии ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ бори аввал то 1 августи соли 2016 ба таъхир гузошта шуд.
  • Дар тамоми ҷаҳон аз истеъмол баровардани ваксинаи ОПВ, ки дар таркибаш полиовируси намуди 2 дорад
  • То моҳи апрели соли 2016, иваз намудани ваксинаи севалентаи ОПВ (тОПВ) ба дувалента (бОПВ), ки дар таркибаш танҳо полиовирусҳои намуди 1 ва 3 –ро дорад.
  • Қатъ намудани истифодабарии бОПВ дар солҳои 2019-2020 (пас аз маҳв намудани бемории фалаҷ дар тамоми ҷаҳон).

Дар асоси пешниҳодҳои Гурўҳи экспертии машваратчиёни стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (SAGE), Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои минтақаи Аврупо як қатор чорабиниҳоро баҳри амалӣ гардонидани «Нақшаи стратегӣ оид ба барҳамдиҳии бемории фалаҷ ва амалӣ намудани марҳилаи хотимавӣ дар солҳои 2013-2018» ба анҷом расонид:

  • Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 7 августи соли 2014, №643 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда», ба тақвими милии иммунизатсия ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ворид карда шуд, ки истифодабарии он бояд аз 1 сентябри соли 2015 оғоз меёфт, аммо бо сабаби ба миён омадани мушкилотҳои истеҳсолӣ, воридкунии ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ ба таъхир гузошта шуд.
  • Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.02.2016 таҳти №67 «Дар бораи иваз намудани ваксинаи севалентаи зидди бемории фалаҷ (тОПВ) ба ваксинаи дувалентаи зидди бемории фалаҷ (бОПВ)», аз моҳи феврали соли 2016 дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои омодагӣ оид ба гузариш аз истифодабарии тОПВ ба бОПВ оғоз ёфта, санаи 18 апрели соли 2016 гузариши он дар саросари ҷумҳурӣ бомувафақият амалӣ гашт.
  • Санаи 28 апрели соли 2016, аз ҷониби Кумитаи мустақили миллӣ барои марҳилаи ниҳоии сертификатсияи маҳви бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи гузариш аз истифодабарии тОПВ ба бОПВ дар саросари ҷумҳурӣ ба имзо расида, ба Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ пешниҳод гардид. Дар айни замон, хурсандона ваксинаи ИПВ ба ҷумҳурӣ дастрас гардида, баъд аз бозомўзии зиёда аз 3000 ваксинаторон дар саросари ҷумҳурӣ, иммунизатсияи кўдакон бо ин намуди ваксина аз имрўз оғоз меёбад.

Умедворам, ки бо ин амал, ҷумҳурии мо низ саҳми арзандаи худро дар маҳви вируси фалаҷ дар миқёси ҷаҳонӣ мегузорад». Баъд аз анҷом ёфтани нишасти матбуотӣ, маросими оғоз ёфтани иммунизатсияи кўдакон бо ваксинаи ИПВ дар Маркази саломатии №13-и шаҳри Душанбе бо гузаронидани иммунизатсияи кўдаки аввал баргузор гардид.

« Ба қафо