Баргузор намудани омўзишҳои таълимӣ оид ба иммунизатсия

2019-02-27

Тибқи иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2018, №649 «Оид ба гузаронидани омўзишҳои таълимӣ барои ташкили хизматрасонии иммунизатсионӣ дар байни роҳбарони сатҳи миёнаи муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва "Иммунизатсия дар амал" байни мутахассисони марказҳои соҳаи иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» аз тарафи намояндагони Маркази ҳамкории Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба иммунизатсия дар Туркия дар рўзҳои 6-8 августи соли 2018 омўзишҳои таълимӣ барои ташкили хизматрасонии иммунизатсионӣ дар байни роҳбарони сатҳи миёнаи муассисаҳои КАТС, аз 8 то 11 августи соли 2018 омўзиши таълимӣ" Иммунизатсия дар амал" байни мутахассисони марказҳои соҳаи иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва аз 13 то 18 августи соли 2018 барои тайёр намудани тренерҳои бо таҷриба байни мутахассисони соҳаҳои иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ва шабакаи муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ омўзишҳо гузаронида шуданд, ки дар маҷмуъ дар сатҳи миллӣ 76 нафар омўзонида шуданд.

Дар асоси фармоиши дар боло зикргардида, омўзишҳои таълимӣ дар сатҳи вилоятӣ барои ташкили хизматрасонии иммунизатсионӣ дар байни роҳбарони сатҳи миёнаи муассисаҳои КАТС ва мутахассисони марказҳои соҳаи иммунопрофилактика дар ВМКБ 18 нафар, вилояти Суғд 36 нафар, минтақаҳои Бохтар 32 нафар ва Кўлоби вилояти Хатлон 24 нафар, минтақаи Рашт 14 нафар, дар шаҳри Душанбе ва 7 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29 нафар дар маҷмуъ 153 нафар омўзонида шуданд. Омўзишҳои таълимӣ дар сатҳи вилоятӣ дар мавзўи "Иммунизатсия дар амал" байни мутахассисони марказҳои соҳаи иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ВМКБ 18 нафар, вилояти Суғд 36 нафар, минтақаҳои Бохтар 33 нафар ва Кўлоби вилояти Хатлон 24 нафар, минтақаи Рашт 14 нафар, дар шаҳри Душанбе ва 7 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29 нафар дар маҷмуъ 154 нафар омузонида шуданд.

Дар гузаронидани омўзишҳои таълимӣ дар сатҳи вилоятӣ дар байни роҳбарони сатҳи миёнаи муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва "Иммунизатсия дар амал" байни мутахассисони марказҳои соҳаи иммунопрофилактика, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 307 нафар омўзонда шудаанд.

« Ба қафо