Иммунизатсия гарави тансиҳатии кӯдак

САЛОМАТИИ КӮДАКИ ШУМО ДАР ДАСТИ ШУМО МЕБОШАНД!

    Саломатии хуб пояи зиндагии бардавоми ҳар як инсон аст. Агар кӯдакон худро хуб ҳис кунанд ва бемор набошанд, ба боғчаи кӯдакона, мактаб раванд, волидайни онҳо беташвиш, баҳри тарбия ва ояндаи онҳо кору фаъолмят мекунанд.

    Ҳамаи хизматрасониҳои сатҳи аввалияи тиббию санитарӣ аҳамияти калон доранд, аммо иммунизатсияи кӯдакон яке аз муҳимтарин самти фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад.

    Ҳар сол иммунизатсия ҳаёти миллионҳо одамонро аз бемориҳои сироятшаванда раҳо дода, онҳоро аз фавт ва маъюбии якумра муҳофизат менамояд.

    Дар пешгирии бемориҳои сироятӣ иммунизатсия вазифаи муҳимро баҷо меорад. Ҳангоми гузаронидани иммунизатсия, дар организми кӯдак масуният (иммунитет) нисбати он беморй пайдо мешавад, ки бар зиддаш ваксина ворид карда шудааст. Маҳз барои ҳамин, ҳар як кӯдак бояд ҳама намуди иммунизатсияро дар вақтҳои муайяншуда қабул кунад.

    Агар кӯдак ба бемории роҳҳои нафас ё дигар бемориҳои шадид гирифтор шуда бошад, иммунизатсияро муваққатан ба таъхир гузошта, баъд аз сиҳатшавӣ ҳатман бояд қабул кунад.

    Баъзе намудҳои иммунизатсия танҳо як маротиба, баъзеяшон вобаста ба хосияти иммунобиологиашон якчанд маротиба дар ҳаёти кӯдак гузаронида мешаванд. Муҳимаш он аст, ки кӯдак бояд мувофиқи Тақвими миллим иммунизатсия ҳамаи намуди иммунизатсияро сари вақт қабул кунад.


ТАҚВИМИ МИЛЛИИ ИММУНИЗАТСИЯ
 Муҳлати гузаронидани иммунизатсия                                                   Номгӯи ваксинаҳо                                                                        Бар зидди кадом беморӣ                                                                                 

 Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд

 ОПВ-О, ГВ-1

 Фалаҷ ва Гепатити В

 Дар 3-5 рӯзи баъд аз таваллуд  БСЖ-1  Сил
 2-моҳагӣ  Пентавалентии 1 (АКДС1 +Hib1 +ГВ2), ОПВ-1,   Рота-1  Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли Ь,   гепатити В, фалаҷ, сирояти ротавирусӣ
 3-моҳагӣ  Пентавалентии 2 (АКДС2+Н1Ь2+ГВЗ), ОПВ-2,   Рота-2  Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли Ь,   гепатити В, фалаҷ, сирояти ротавирусӣ
 4-моҳагӣ  Пентавалентии 3 (АКДСЗ+Н1ЬЗ+ГВ4), ОПВ-3, ИПВ  Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли b,   гепатити В, фалаҷ, сирояти ротавирусӣ
 12-моҳагӣ  СГ-1, ОПВ-4  Сурхча ва гулафшон, фалаҷ
 Дар 16-23 моҳагӣ  АКДС  Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз
 6 солагӣ  СГ-2, БСЖ-2, АДС  Сурхча ва гулафшон, сил, гулӯзиндонак, кузоз
 Дар 16 солагӣ  АДС-м, БСЖ-3  Гулӯзиндонак, кузоз, сил
 Баъди ҳар 10 сол (26,36,46,56 солагӣ)  АДС-м, 2,3,4,5  Гулӯзиндонак, кузоз

САЛ0МАТИИ КӮДАКИ ШУМО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМО МЕБОШАД!

Танҳо он кӯдаконе, ки тамоми намуди иммунизатсияеро, ки мувофиқи Тақвими миллӣ пешбинӣ шудааст сари вақт қабул кардаанд, аз бемориҳои сироятшавандаи фалаҷ, гепатити В, сил, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли Ь, сурхча, гулафшон ва сирояти ротавирусӣ муҳофизат карда мешаванд ва кафолати касал нашуданро доранд.

Ҳар як иммунизатсия аз тарафи корманди тибби соҳиб-таҷриба дар муассисаи тиббии маҳалли Шумо РОЙГОН (БЕПУЛ) гузаронида мешавад.

Маълумотҳои асосие, ки волидайн бояд донанд

• Шумо бояд кӯдакатонро дар мӯҳлатҳои муайяншуда барои гузаронидани иммунизатсия ба муассисаи тиббӣ биёред;

• Ҳатман бо худ Шиносномаи иммунизатсияи кӯдакро гиред;

• Аз корманди тиб пурсед, ки боз кадом вақт барои гузаронидани иммунизатсияи навбатӣ ба муассисаи тиббӣ ҳозир шудан лозим аст;

• Раками телефони табиби минтақавӣ ва ҳамшираи тибро барои гирифтани маълумотҳои лозимӣ нависта гиред;

• Ҳамеша дар хотир доред, ки барои дар сари вақт гузаронидани иммунизатсияи кӯдакатон Шумо ҷавобгӯ мебошад.


Ҳар як кудак ҳуқуқ дорад ва бояд бар зидди бемориҳои сироятӣ иммунизатсия карда шавад.
Танҳо бо ҳамдастии якдигар мо метавонем кӯдаконро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоем!