Саволҳое,ки бештар дар бораи иммунизатсияи кӯдакон пурсида мешаванд

Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ваксинаҳоро барои кӯдакон тавсия медиҳад?

  •  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани иммунизатсияро бар зидди 10 намуди бемориҳои сироятӣ барои кӯдакон тавсия медиҳад, аз ҷумла бар зидди бемориҳои фалаҷ (полиомиелит), гепатити В, сил, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз (столбняк), сирояти гемофилии шакли В, сурхча, гулафшон ва сирояти ротавирусӣ;
  • Кӯдак барои иммунизатсия бояд шаш маротиба ба муассисаи тиббии ҷои зист оварда шавад;
  • Ҳар як вояи (дозаи) ваксина муҳим аст, зеро ҳамаи онҳо кӯдакро аз бемориҳое, ки барои навзодон ва кӯдакон хатарнок ба ҳисоб мераванд, муҳофизат мекунанд.

Тақвими миллим иммунизатсия

  • Ҳадафи асосие, ки Тақвими миллим иммунизатсия пайгирӣ мекунад - ин ҳимояи навзодон ва кӯдакон тавассути пайдо кардани масуният (сироятнопазирӣ) дар солҳои аввали ҳаёт, яъне то замоне, ки онҳо бо бемориҳои ба ҳаёт хатарнок рӯ ба рӯ мешаванд, мебошад.

 

               Муҳлати иммунизатсиякунӣ                                   

                                        Намуди ваксина                                                                        
Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд ОПВ-О , ГВ-1
Дар 3-5 рӯз пас аз таваллуд БСЖ
Дар 2 моҳагӣ ОПВ-1,Пентавалентии 1 (АКДС-1,Hib-1,ГВ-1), Рота-1
Дар 3-моҳагӣ ОПВ-2 Пентавалентии 2 (АКДС-2, Hib-2, ГВ-3), Рота-2
Дар 4 моҳагӣ ОПВ-3, Пентавалентии 3 (АКДС-3, Hib-3, ГВ-4), ИПВ
Дар 12-моҳагӣ СГ-1, ОПВ-4
Дар 16-23 моҳагӣ АКДС
Дар 6 солагӣ СГ-2, АДС, БСЖ-2
Дар 16-солагӣ АДС-м, БСЖ-3

Эзоҳ:

ОПВ                   - ваксинаи    зидди    бемории фалаҷ;

ГВ                      - ваксинаи    зидди    бемории гепатити В;

БСЖ                  - ваксинаи    зидди    бемории сил;

Пентавалентй - ваксинаи зидди    бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз,

                            сирояти гемофилии шакли b (Hib), гепатити В;

Рота                  - ваксинаи зидди сирояти ротавирусӣ;

ИПВ                  - ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ;

СГ (MR)            - ваксинаи    зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон;

АКДС                - ваксинаи    зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа ва кузоз;

АДС                  - ваксинаи    зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз;

АДС-М              - ваксинаи    зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз бо микдорикамтарини антигенҳо (барои калонсолон).


Чаро Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли чунин ваксинаҳои зиёдро барои кӯдакон тавсия медиҳад?

  • Ваксинаҳо ҳимояи беҳтарин бар муқобили бемориҳои зиёде мебошанд, ки бештар ин бемориҳо ба оризаҳои ҷиддӣ ба монанди илтиҳоби шуш, менингит (илтиҳоби пардаҳои майна), сиррози ҷигар, сирояти хун, маъюбӣ ва ҳатто ба марг оварда мерасонад.

Барои чӣ баъзе ваксинаҳоро якчанд маротиба гирифтан зарур аст?

  • Баъзе ваксинаҳо бояд, ки бештар аз як воя ба кӯдак гузаронида шаванд, зеро як вояи он барои ҳимояи пурра ва давомнок бар муқобили бемориҳо кофӣ нест;
  • Якчанд воя имконият медиҳанд, то кӯдаконе, ки аз вояи якум ҳимоят нашудаанд, ҳифз карда шаванд.

Таркиби ваксинаҳо аз чиҳо иборатанд ва онҳо чӣ вазифаро иҷро мекунанд?

  • Таркиби ваксинаҳо аз ҷузъҳое иборатанд, ки барои дар бадан пайдо кардани масуният (иммунитет) бар муқобили бемориҳо мусоидат менамоянд;
  • Дар таркиби ваксинаҳо ҳамчунин дигар маводҳое низ ҳастанд, ки барои истеҳсол, таъминоти бехатарӣ ва сифати ваксина заруранд.

Барои чӣ риоя намудани Тақвими миллии иммунизатсия муҳим аст?

  • Тақвими миллии иммунизатсия барои ҳимояи кӯдакон пеш аз эҳтимоли “вохӯрӣ”- и онҳо бо бемориҳои бениҳоят хатарнок, хусусан дар даврае, ки ба сирояти онҳо бештар осебпазиранд, тартиб дода шуда аст.

Барои чӣ ваксинаҳоро ба кӯдакон аз рӯзҳои аввали ҳаёт медиҳанд?

  • Ваксинаҳо ба кӯдакон аз навзодӣ гузаронида мешаванд, зеро онҳо дар ин синну сол нисбати баъзе аз бемориҳои сироятӣ бештар осебпазир ҳастанд.

Оё кӯдаки ман ҳангоми риоя накардани Тақвими миллии иммунизатсия ягон зараре мебинад?

  • Атфол ва кӯдаконе, ки Тақвими миллии иммунизатсияро риоя намекунанд ва ё онро ба таъхир мегузоранд, дар таҳти хатари сироят ёфтан аз бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда қарор доранд;

  • Баъзе бемориҳо дар Тоҷикистон то ҳол бақайд гирифта мешаванд ва мумкин аст, ки кӯдакон ба ин бемориҳо ҳангоми иммунизатсия накарданашон ё ба таъхир гузоштанашон гирифтор шаванд. Дар ин маврид, ин гуна кӯдакон мумкин аст боиси ба беморхона бистарӣ шудан ва ҳатто дучори марг гарданд.

Оё ин бемориҳо дар кишвари мо вуҷуд доранд?

  •  Баъзе аз бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ карда мешаванд, ба монанди кабудсулфа ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон бақайд гирифта мешаванд, инчунин дар кишвари мо чанде аз ҳомилону паҳнкунандагони дигар бемориҳои сирояткунанда вуҷуд доранд ва аз онҳо мумкин аст одамони солим сироят ёбанд;
  • Имрӯзҳо аллакай чанд беморие, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ мешуданд, аз байн рафтаанд.
  • Бо вуҷуди ин, агар мо ваксинатсияро қатъ кунем, ҳатто якчанд ҳолатҳое, ки ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, метавонанд зуд ба хуруҷи васеи бемориҳо оварда расонанд. Ин боиси беморшавии садҳо ва ҳазорон кӯдакон дар тамоми кишвар мегардад;
  • Кӯдаконе, ки на ҳамаи ваксинаҳоро мувофиқи тақвим гирифтаанд, эҳтимолияти бемор шуданашон вуҷуд дорад ва онҳо метавонанд онро дар байни ҷомеъа паҳн кунанд.

Ман аз одамон дар бораи ваксинаҳои бар зидди якчанд намуди беморӣ, ки онҳоро якҷоя ворид менамоянд, шунидаам. Ин чӣ гуна аст ва барои чӣ онҳоро якҷоя истифода мебаранд?

  • Ваксинаҳое ки дар таркибашон зидди чанд намуди беморӣ коркард шудаанд, кӯдаки Шуморо аз якчанд намуди бемориҳо муҳофизат менамоянд. Ин амал тавассути гузаронидани як сӯзандору сурат мегирад;
  • Яке аз намунаи чунин ваксинаҳо ин ваксинаи сурхча ва гулафшон ё ваксинаи пентавалентӣ мебошад;
  • Иммунизатсияи якҷоя - ин дар як бор омадан ворид намудани зиёда аз як сӯзандору дар қисмҳои гуногуни бадан (яъне як ваксина дар як даст ва дигаре дар рон ё дасти дигари кӯдак) ҳангоми як ташриф ба муассисаи тиббӣ мебошад;
  • Намунаи иммунизатсияи якҷоя ин ворид кардани ваксинаи пентавалентӣ дар як рони кӯдак ва ваксинаи ғайрифаъолшудаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) дар рони дигари кӯдак ҳангоми як ташриф ба муассисаи тиббӣ мебошад;
  • Иммунизатсияи якҷоя ва ё истифодаи ваксинаи мураккаб ду афзалияти амалӣ дорад:

Якум: мо ба таври пурра ва фаврӣ ба кӯдакон дар моҳҳои авали осебпазирии ҳаёташон ҳимояи қавӣ ва комилро таъмин мекунем;


Дуюм: ин тавр ваксинатсия ҳам барои кудак ва ҳам барои волидайн бароҳат ва мусоид мебошад.
 

Оё дар як вақт ворид намудани якчанд ваксина бехатар аст?

Оё беҳтар нест, ки ваксинаҳо ба таври ҷудогона ва дар як вақт

танҳо барои як беморй гузаронида шаванд?

  • Дар як вақт ворид кардани якчанд ваксинаҳо барои системаи масунияти кӯдак сарбории иловагиро намеорад;
  • Намунаи иммунизатсияи якҷоя ин ворид кардани ваксинаи сурхча/гулафшон (СГ) ва гулӯзиндонак/кузоз (АДС) мебошад;
  • Ваксинаҳои тавсияшуда ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли якҷоя таъсирбахш мебошанд. Дар як вақт гирифтани якчанд ваксина хатар ва ҳолатҳои номатлубро ба амал намеорад.

Барои чй дар ҳама кишварҳо бо камоли майл иммунизатсияи кӯдаконро тавсия медиҳанд?

  • Тасаввур кунед, ки иммунизатсия ҳамчун қоидаҳои ҳаракати роҳ аст ва риояи Тақвими миллии иммунизатсия ҳамчун риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ муҳим мебошад. Мо қоидаҳои ҳаракати роҳро на танҳо барои ҳимояи худ ва мусофиронамон, ҳамчунон барои ҳимояи дигар ронандаҳо ва пиёдагардон низ риоя мекунем;
  • Иммунизатсия бори гарони иқтисодӣ ва молии бемориҳои сироятиро на танҳо барои ҳукумат, балки барои буҷети ҳар як оила ба таври назаррас паст мекунад;
  • Ваксинаҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо шахси иммунизатсияшуда, балки ҳамаи мардумони атроф низ ҳимоят карда шаванд;
  • Ин хусусан барои кӯдаконе, ки бо сабабҳои тиббӣ ваксина нагирифтаанд, муҳим мебошад;
  • Дар охир бояд қайд кард, ки ҳар як кишвар кӯшиш менамояд, шаҳрвандонаш солим бошанд

МАЪЛУМОТ БАРОИ ПАДАРОНУ МОДАРОН САВОЛҲОЕ,  КИ БЕШТАР ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ВАКСИНАҲО ДОДА МЕШАВАНД
То чи андоза иммунизатсия зарур ва муфид мебошад?

  • Иммунизатсия барои муҳофизат намудан аз бемориҳои сироятй ниҳоят зарур ва муҳим мебошад;
  • Воқеан, ягон дору пурра мукаммал нест, аммо ваксинаҳо (иммунизатсия) метавонанд кӯдакро дар 90- 100 фоизи ҳолатҳо ҳифз намояд.

Оё ваксинаҳо бехатаранд?

  • Ҳамаи ваксинаҳо дорой стандартҳои баланди сифат мебошанд;
  • Пеш аз он киягон намуди ваксина барои истифода иҷозатдода шавад, солҳои зиёд барои омӯзиш ва тадқиқот лозим аст. Ин раванд мумкин аст даҳ сол ва аз он тӯлонитар бошад;
  • Пас аз он ки ваксинаҳо мавриди истифода қарор мегиранд, бехатарй ва самаранокии онҳо мунтазам таҳти назорат гирифта мешавад;
  • Ҳар сол миллионҳо кӯдакон бар зидди бемориҳои гуногуни сироятй бомуваффақият иммунизатсия карда мешаванд.

Оё зуд - зуд иммунизатсия кардан барои кудаки ман зиёд нест?

  • Нисбат ба моддаҳое, ки дар таркиби ваксинаҳо ҳастанд, ҳамарӯза организми кӯдак ба микроорганизмҳои зиёди зараррасон дучор шуда, ба онҳо муқовимат нишон медиҳад;
  • Воқеан, кӯдакон аз рӯзи таваллуд ҳамарӯза гирифтори таъсири ҳазорҳо микроорганизмҳо мегарданд;
  • Чй тавре, ки як табиб гуфтааст: “Ташвиш аз шумораи зиёди ваксинаҳо ва зуд- зуд иммунизатсия кардан мисли ташвиш аз чакраҳои обе мебошад, ки Шумо ҳангоми дар уқёнус шино кардан тар мешавед.
  • Организми кӯдак қодир аст микдори зиёди ваксинаҳоро нисбат ба онҳое, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия дода шудаанд, қабул намояд.

Оё кӯдак воқеан метавонад дар натиҷаи иммунизатсия бемор шавад?

  • Дар баъзе ҳолатҳо, баъзе аз кӯдакон пас аз ворид кардани ваксинаҳо каме нороҳатиро ҳис мекунанд. Ин хатарнок нест ва нишон медиҳад, ки ваксина вазифаи худро иҷро карда истодааст.

Оё эҳтимолияте вуҷуд дорад, ки кӯдак пас аз иммунизатсия гирифтори беморӣ шавад?

  • Ин дар мавридҳои хеле кам имкон дорад. Ин ҷо чанд ҳолатҳое оварда мешаванд, ки мумкин аст пас аз иммунизатсия беморӣ ба вуҷуд ояд:

► Баъзан вақт чунин шуданаш имкон дорад, ки пас аз ворид кардани ваксина организми кӯдак бар зидди беморӣ масуният ҳосил накунад;

► Агар масуният коркард нашавад ва кӯдак бо барангезандаи беморӣ дучор шавад, эҳтимолияти беморшавӣ вуҷуд дорад, лекин беморӣ сабук мегузарад;

► Баъзан вояи (дозаи) изофии ваксина ҳимояи беҳтар ва қавиро дар организми кӯдак таъмин мекунад;  

► Мумкин аст, ки кӯдак бо барангезандаи беморӣ то гирифтани ваксина дучор шуда бошад ва эҳтимол аст, ки кӯдак то гирифтани ваксина аллакай бемор бошад.

Ҳолатҳои ногувори баъди иммунизатсия чӣ гунаанд?

  • Ҳар шахс беназир аст ва метавонад ба иммунизатсия ба таври мухолиф аксуламал нишон диҳад;
  • Тамоми ваксинаҳо самаранок мебошанд ва аслан ҳолатҳои номатлуб надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо пас аз ворид кардани ваксинаҳо аксуламалҳои сабук ва зуд азбайнраванда ба монанди сурхшавӣ ва дард дар ҷои сӯзандору ва баланд шудани ҳарорати бадан мушоҳида мешаванд;
  • Ин ҳолати номатлуби баъди иммунизатсия маъмулан чанд рӯз давом мекунад ва табобатшаванда мебошад;
  • Манфиатҳои иммунизатсия барои ҳамаи кӯдакон назар ба ҳолати номатлуби баъди иммунизатсия бештар мебошад;
  • Агар кӯдаки Шумо дардро ҳис кунад ва сурхшавӣ дар ҷои сӯзандорӯ мушоҳида карда шавад, дар ин маврид Шумо метавонед барои паст намудани дард, сурхшавӣ ва варам ба мавзеи сӯзандорӯ матоъи хунуккардашударо гузоред;
  • Ҳолати ногувори ҷиддӣ хеле кам ба назар мерасанд ва ба организм зарари дарозмуддат намедиханд. Бештар ин ҳолат ҳамчун ҳассосият (аллергия) ба назар мерасад. Агар кӯдаки Шумо ягон беморӣ дошта бошад ва ё ба ягон дору ё маводи ғизоӣ ҳассосият дорад, табибро огоҳ намоед;
  • Ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия, ба монанди ҳассосияти вазнин хеле кам ба назар мерасанд ва табибон дар бораи чӣ гуна бартараф кардани ин ҳолатҳо омӯзонида шудаанд;

  • Аз тарафи дигар, бисёр бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирй карда мешаванд, метавонанд ҷиддӣ гузаранд, ба мағзи cap ва узвҳои биноӣ ва шунавоии кӯдак таъсири манфй расонанд ва ҳатто ба марг оварда расонанд;
  • Агар кӯдак пас аз иммунизатсия ҳассосият пайдо кунад ва ба ҳаёти вай тахдид накунад ҳам, ин ҳолат дар муассисаи тиббӣ таҳти назорат қарормегирад;
  • Гарчанде, ки эҳтимолияти пайдо шудани чунин ҳолатҳои номатлуб тарсро ба миён орад, бояд бартарии эмин будани кӯдакатонро аз бемориҳои хатарнок тавассути ваксинаҳо бар кашид;
  • Баъзе падару модарон аз гузаронидани ваксинаҳо даст мекашанд ва умед доранд, ки кӯдаки онҳо ба беморй гирифтор намешавад. Аммо, бояд дар хотир дошта бошем, ки мо дар ҷаъмият зиндагй мекунем ва ҳатто як кӯдаки сироятёфта метавонад бемориро дар ҷомеъа паҳн намояд. Аз ин лиҳоз, иммунизатсия кардани ҳамаи кӯдакон бисёр муҳимаст.

Агар кӯдаки ман нисбат ба ваксина аксуламал (реаксия) нишон диҳад, ман бояд чи кор кунам?

  • Агар кӯдаки Шумо нисбати ваксина аксуламал нишон диҳад ва ин Шуморо ташвиш диҳад, ба табиб ва ё ҳамшираи тиб муроҷиат намоед;
  • Агар аксуламал вазнин бошад, кӯдакро ҳатман назди табиб баред;
  • Ба табиб гӯед, ки чй шудааст, кай чунин шуд, иммунизатсия бо кадом навъи ваксина гузаронида шуда буд.

Оё дар ҳолати бемор будани кӯдак гузаронидани ваксина мумкин аст?

  • Дар ин маврид бо табиб сӯҳбат кунед. Умуман, кӯдакро мумкин аст ҳатто дар ҳолатҳои сабуки аломатҳои бемориҳо ба монанди шамол-хурй, дарди гӯш, ҳарорати каме баланд ва ё диарея иммунизатсия кард;
  • Агар табиб гуяд, ки ҳеҷ мушкилие нест, кудаки Шумо метавонад ваксинаро қабул кунад.

Оё ваксинаҳо боиси пайдошавии аутизм ва ё маълулият мешаванд?

  • Аломатҳои аутизм мумкин аст баробар бо вақти гузаронидани имму-низатсияи кӯдак пайдо шаванд ва баъзе падару модарон фикр мекунанд, ки ваксина боиси аутизм шудааст;
  • Ҳамаи мутахассисон оид ба бехатарии ваксинаҳо ҳамфикранд, ки ваксинаҳо боиси аутизм намешаванд;
  • Ваксинаҳо ҳамчунин боиси маъюбй намешаванд;

  • Муҳим он аст, ки волидайн чун ҳарвақта барои ҳимояи кӯдакон аз бемориҳои иқтидоран марговар ба иммунизатсия боварӣ дошта бошанд ва ба он шитоб намоянд.

Агар кӯдаки ман пас аз иммунизатсия гирифтори ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия шавад, ман бояд чӣ кор кунам?

  • Ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия пеш аз ҳама табиби оилавӣ бояд огоҳ карда шавад;
  • Баъзан кӯдакон пас аз гирифтани ваксина ба аксуламалҳои сабук ба монанди дард ва варам дар ҷои сӯзандорӯ ва ё баланд шудани ҳарорати бадан рӯ ба рӯ мешаванд. Ин гуна аксуламалҳо муқаррарӣ ҳастанд ва зуд бартараф мегарданд;
  • Маслиҳатҳои зерин ба Шумо барои муайян намудан ва паст кардани ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия кӯмак мерасонанд:

♦ Барои паст кардани сурхшавӣ, дард ва варамӣ дар ҷои сӯзандору матои хунуккардашударо гузоред;

♦ Ҳарорати баданро тавассути пок кардан (молиш додан)-и бадан бо матои тар паст намудан мумкин аст. Бо тавсияи табиб доруҳо барои паст кардани ҳарорати бадан, ки дар таркибашон аспирин надоранд, истифода баред;

♦ Ба кӯдак нӯшокии зиёд диҳед. Кам шудани иштиҳои кӯдак дар давоми 24 соати пас аз иммунизатсия ҳолати муқаррарӣ мебошад;

♦ Ба кӯдаки худ дар давоми якчанд рӯзи баъд аз иммунизатсия таваҷҷӯҳи махсус диҳед. Агар чизе Шуморо нигарон кунад, ба табиб муроҷиат намоед;

Иммунизатсия барои муҳофизат намудани ҷомеъаи Шумо чй гуна мусоидат мекунад?

  • Бо иммунизатсия кардан Шумо на танҳо кӯдаки худ, балки дигар кӯдакони атрофро низ ҳимоя мекунед;
  • Масалан, дар ҷомеъаи Шумо мумкин аст кӯдаконе бошанд, ки бо сабабҳои тиббӣ ё бисёр хурд будан наметавонанд ваксинаҳои муай-янро гиранд. Агар ин кӯдакон бо нафаре робита дошта бошанд, ки гирифтори бемории сирояткунанда ҳастанд, онҳо низ дар хатари беморшавӣ қарор доранд. Бо иммунизатсия кардани кӯдакон, Шумо метавонед онҳоро аз бемориҳо муҳофизат намоед ва бо ин роҳ паҳншавии барангезандаи ин бемориҳоро дар ҷомеъа пешгирй на1\ оед;
  • Биёед, ҷамъиятеро мавриди баррасӣ қарор диҳем, ки дар он бештари кӯдакон иммунизатсия карда шудаанд. Ҳатто агар як кӯдак бемор

шавад, сироят наметавонад паҳн гардад, зеро дигар ин падида масунияти дастаҷамъӣ (коллективй) ё худ масунияти аҳолӣ номида мешавад;

  • Аммо агар дар ҷомеъа микдори ками кӯдакон иммунизатсия шуда бошанд, бемориҳо ба осонй ва зуд паҳн мешаванд ва ба авҷи худ мерасанд. Воқеан, хуруҷи бемориҳои фалаҷ, сурхча ва кабудсулфа ҳамин тавр cap мезанад.

Дар хотир дошта бошед, ки пешгирӣ аз табобат арзонтар аст.

Ҷадвали зерин барои муқоисаи иммунизатсия ва табобат мебошад:

№                         Намуди беморӣ                                                                                                                           Хароҷоти иммунизатсия бо доллари ИМА   (аз тарафи давлат пурра таъмин карда мешава)                                                                                                         Хароҷоти табобат (бо дол.ИМА)                                                                                                                                                                  
1 Гепатити В 12,64 (барои кӯдакон ройгон)   42 500
2 Кабудсулфа 1,52 (барои кӯдакон ройгон)   433
3 Кузоз 1,52 (барои кӯдакон ройгон)   695
4 Гулӯзиндонак 1,80 (барои кӯдакон ройгон)   278
5 Гулӯзиндонак (шакли сироятии токсикӣ) 1,80 (барои кӯдакон ройгон)   843
6

Сурхча (шакли сабук)

1,68 (барои кӯдакон ройгон)   150
7 Фалаҷ (полиомелит намуде киба фалаҷ оварда мерасонад.) 1,20 (барои кӯдакон ройгон)   8,025
8 Сурхча (шакли вазнин) 1,68 (барои кӯдакон ройгон)   247
9 Сирояти ротавируси 5,60 (барои кӯдакон ройгон)   52
  ҲАМАГӢ 29.44 53,223