Саволу ҷавобҳо

Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ваксинаҳоро барои кўдакон тавсия медихад?
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани иммунизатсияро бар зидди 10 намуди бемориҳои сироятӣ барои кудакон тавсия медиҳад, аз ҷумла бар зиддӣ сурхча, гулафшон, гепатити В, гулўзиндонак, кузоз (столбняк), кабудсулфа, сирояти гемофилии типи В, фалаҷ (полиомиелит), сирояти ротавирус ва сил; Кўдак барои иммунизатсия бояд шаш маротиба ба муассисаҳои тиббии ҷойи зисташон оварда шавад; Ҳар вояи (дозаи) ваксина муҳим аст, зеро ҳамаи онҳо кўдакро аз бемориҳое, ки барои навзодон ва кўдакон хатарноканд, муҳофизат мекунанд.
Чаро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин ваксинаҳои зиёдро барои кўдакон тавсия медиҳад?
Ваксинаҳо ҳимояи беҳтарин бар муқобили бемориҳои зиёде мебошанд, ки бештар ба оризаҳои ҷиддӣ ба монанди илтиҳоби шуш, менингит (илтиҳоби пардаҳои майна), сиррози ҷигар, сирояти хун, маъюбӣ ва ҳатто ба марг оварда мерасонад.
Барои чӣ баъзе ваксинаҳоро якчанд маротиба гирифтан зарур аст?
Баъзе ваксинаҳо бояд, ки бештар аз як воя дода шаванд, зеро як вояи он барои ҳимояи пурра ва давомнок бар муқобили бемориҳо кофӣ нест; Якчанд воя имконият медиҳанд, то кўдаконе, ки аз вояи якум ҳимоят нашудаанд, ҳифз шаванд.
Таркиби ваксинаҳо аз чиҳо иборатанд ва онҳо чӣ вазифаро иҷро мекунанд?
Таркиби ваксинаҳо аз ҷузъҳое иборатанд, ки барои дар бадан пайдо кардани масуният бар муқобили бемориҳо мусоидат менамоянд; Дар таркиби ваксинаҳо ҳамчунин дигар маводҳое низ ҳастанд, ки барои истеҳсол, таъминоти бехатарӣ ва сифати ваксина заруранд.
Барои чӣ риоя намудани тақвими миллии иммунизатсия муҳим аст?
Тақвими миллии иммунизатсия барои ҳимояи кўдакон пеш аз эҳтимоли “вохўрӣ”- и онҳо бо бемориҳои иқтидоран хатарнок, хусусан дар даврае, ки ба сирояти онҳо бештар осебпазиранд, тартиб дода шуда аст.
Барои чӣ ваксинаҳоро ба кўдакон аз навзодӣ медиҳанд?
Ваксинаҳо ба кўдакон аз навзодӣ дода мешаванд, зеро он дар ин синну сол нисбати баъзе аз бемориҳои сирояткунанда бештар осебпазир ҳастанд.
Оё кўдаки ман ҳангоми риоя накардани тақвими миллии иммунизатсия ягон зараре мебинад?
Атфол ва кўдаконе, ки тақвими иммунизатсияро риоя намекунанд ва ё онро ба таъхир мемонанд, дар таҳти хатари сироят ёфтан аз бемориҳо қарор доранд; Баъзе бемориҳо дар Тоҷикистон паҳн шудаанд ва кўдакон мумкин аст ба ин бемориҳо ҳангоми иммунизатсия накардан ё ба таъхир гузоштани он гирифтор шаванд. Дар ин маврид, ин гуна кўдакон мумкин аст боиси ба беморхона бистарӣ шудан ва ҳатто дучори марг гарданд.
Оё ин бемориҳо дар кишвари мо вуҷуд доранд?
Баъзе аз бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ карда мешаванд, ба монанди кабудсулфа ҳанўз ҳам дар Тоҷикистон мавҷуданд, инчунин дар кишвари мо чанде аз ҳомилону паҳнкунандагони дигар бемориҳои сирояткунанда вуҷуд доранд ва аз онҳо мумкин аст одамони солим сироят ёбанд; Имрўзҳо аллакай чанд беморие, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ мешуданд, аз байн рафтанд. Бо вуҷуди ин, агар мо ваксинатсияро қатъ бикунем, ҳатто якчанд ҳолатҳое, ки ҳанўз ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, метавонанд зуд ба хурӯҷи васеи бемориҳо оварда расонанд. Ин боиси беморшавии садҳо ва ҳазорон кўдакон дар тамоми кишвар мегардад; Кўдаконе, ки на ҳамаи ваксинаҳоро мувофиқи тақвим гирифтаанд, эҳтимолияти бемор шуданашон вуҷуд дорад ва онҳо метавонанд онро дар байни ҷомеъа паҳн кунанд.
Ман аз одамон дар бораи ваксинаҳои иборат аз якчанд намуди ваксина, ки онҳоро якҷоя ворид менамоянд, шунидам. Ин чӣ гуна аст ва барои чӣ онҳоро якҷоя истифода мебаранд?
Ваксинаҳои иборат аз якчанд ваксина кўдаки Шуморо аз якчанд намуди бемориҳо муҳофизат менамоянд. Ин амал тавассути гузаронидани як сузандору сурат мегирад; Яке аз намунаи чунин ваксинаҳо ин ваксинаи сурхча ва гулафшон мебошад; Иммунизатсияи якҷоя- ин дар як бор омадан ворид намудани зиёда аз як сўзандору дар қисмҳои гуногуни бадан (яъне як ваксина дар як даст ва дигаре дар рон ё дасти дигари кўдак) ҳангоми як ташриф ба муассисаи тиббӣ мебошад; Намунаи иммунизатсияи якҷоя ин ворид кардани ваксинаи пентавалентӣ дар як рони кўдак ва ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ дар рони дигари кўдак ҳангоми як ташриф ба муассисаи тиббӣ мебошад; Иммунизатсияи якҷоя ва ё истифодаи ваксинаи мураккаб ду афзалияти амалӣ дорад: Якум: мо ба таври пурра ва фаврӣ ба кўдакон дар моҳҳои аввали осебпазирии ҳаёташон ҳимояи қавӣ ва комилро таъмин мекунем; Дуюм, ин тавр ваксинатсия ҳам барои кўдак ва ҳам барои волидайн бароҳат ва мусоид аст.
Оё дар як вақт ворид намудани якчанд ваксина бехатар аст? Оё беҳтар нест, агар ваксинаҳо ба таври ҷудогона ва дар як вақт танҳо барои як беморӣ гузаронида шавад?
Дар як вақт ворид кардани якчанд ваксинаҳо барои системаи масунияти кўдак сарбории иловагӣ ҷљод наменамояд; Намунаи иммунизатсияи якҷоя ин ворид кардани ваксинаи сурхча/гулафшон (СГ) ва гулўзиндонак/кузоз (АДС) мебошад; Ваксинаҳои тавсияшуда ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли якҷоя таъсирбахш мебошанд. Дар як вақт гирифтани якчанд ваксина хатар ва таъсироти иловагӣ эҷод намекунанд.
Барои чӣ дар ҳама кишварҳо бо камоли майл иммунизатсияи кўдаконро тавсия мекунанд?
Тасаввур бикунед, ки иммунизатсия ҳамчун қоидаҳои ҳаракати роҳ аст ва риояи тақвими иммунизатсия ҳамчун риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳаётан муҳим мебошад. Мо қоидаҳои ҳаракати роҳро на танҳо барои ҳимояи худ ва мусофиронамон, ҳамчунон барои ҳимояи дигар ронандаҳо ва пиёдагардон низ риоя мекунем; Иммунизатсия бори гарони иқтисодӣ ва молии бемориҳои сироятиро на танҳо барои Ҳукумат, балки барои буҷети ҳар як оила ба таври назаррас паст мекунад; Ваксинаҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо шахси ваксинагирифта, балки ҳамаи мардумони атроф низ ҳимоят карда шаванд; Ин хусусан барои кўдаконе, ки бо сабабҳои тиббӣ ваксина нагирифтаанд, муҳим аст; Ва ниҳоят, ҳар як кишвар кўшиш менамояд, ки шаҳрвандонаш солим бошанд.
То чӣ андоза иммунизатсия зарур ва муфид мебошад?
Иммунизатсия барои муҳофизат намудан аз бемориҳои сироятӣ бисёр муҳим ва ниҳоят зарур мебошад; Воқеан, ягон дору пурра мукаммал нест, аммо ваксинаҳо (иммунизатсия) метавонад кўдакро дар 90- 100 фоизи ҳолатҳо ҳифз намояд.
Оё ваксинаҳо (иммунизатсия) бехатаранд?
Ҳамаи ваксинаҳо дорои стандартҳои баланди сифат мебошанд; Пеш аз он ки ягон намуди ваксина барои истифода иҷозат дода шавад, солҳои зиёди омўзиш ва тадқиқот лозим аст. Ин раванд мумкин аст даҳ сол ва аз он тўлонитар бошад; Пас аз он ки ваксинаҳо мавриди истифода қарор мегиранд, бехатарӣ ва самаранокии онҳо мунтазам таҳти назорат гирифта мешавад; Ҳар сол миллионҳо кўдакон бар зидди бемориҳои гуногуни сироятӣ бомуваффақият иммунизатсия карда мешаванд.
Оё зуд- зуд иммунизатсия кардан барои кўдаки ман зиёд нест?
Нисбат ба моддаҳое, ки дар таркиби ваксинаҳо ҳастанд, ҳамарўза организми кўдак ба микроорганизмҳои зиёди зараррасон дучор шуда, ба онҳо муқовимат нишон медиҳад; Воқеан, кўдакон аз рўзи таваллуд ҳамарўза гирифтори таъсири ҳазорҳо микроорганизмҳо мегарданд; Чӣ тавре, ки як духтур гуфтааст: “Ташвиш аз шумораи зиёди ваксинаҳо ва зуд- зуд иммунизатсия кардан мисли ташвиш аз чакраҳои обе мебошад, ки Шумо ҳангоми дар уқёнус шино кардан тар мешавед".
Оё кўдак воқеан метавонад дар натиҷаи иммунизатсия бемор бишавад?
Дар баъзе ҳолатҳо, баъзе аз кўдакон пас аз ворид кардани ваксинаҳо каме нороҳатиро ҳис мекунанд. Ин хатарнок нест ва нишон медиҳад, ки ваксина вазифаи худро иҷро карда истодааст.
Оё эҳтимолияте вуҷуд дорад, ки кўдак пас аз иммунизатсия гирифтори беморӣ шавад?
Ин имкон дорад, аммо он аз ваксина вобаста мебошад. Ин ҷо чанд ҳолатҳое оварда мешаванд, ки мумкин аст пас аз иммунизатсия беморӣ ба вуҷуд ояд: Бо бештари ваксинаҳо баъзан чунин шуданаш имкон дорад, ки пас аз ворид кардани ваксина организми кўдак бар зидди беморӣ масуният ҳосил накунад; Агар масуният коркард нашавад ва кўдак бо барангезандаи беморӣ дучор шавад, эҳтимолияти беморшавӣ вуҷуд дорад, лекин беморӣ сабук мегузарад; Баъзан вояи (дозаи) изофии ваксина ҳимояи беҳтар ва қавиро дар организми кўдак таъмин мекунад; Мумкин аст, ки кўдак бо барангезандаи беморӣ то гирифтани ваксина дучор гардидааст ва эҳтимол аст, ки кўдак то гирифтани ваксина аллакай бемор бошад.
Таъсироти ногувори пас аз иммунизатсия чӣ гунаанд?
Ҳар шахс беназир аст ва метавонад ба иммунизатсия ба таври мухолиф вокуниш нишон бидиҳад; Дар бештари ҳолатҳо ваксинаҳо самаранок мебошанд ва таъсироти номатлуб надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо пас аз ворид кардани ваксинаҳо реаксияҳо сабук ва зуд азбайнраванда ба монанди сурхшавїӣ ва дард дар ҷои сӯзандору ва баланд шудани ҳарорати бадан мушоҳида мешаванд; Ин таъсироти номатлуби баъди иммунизатсия маъмулан чанд рўз давом мекунад ва табобатшаванда аст; Манфиатҳои иммунизатсия барои ҳамаи кўдакон назар ба таъсироти номатлуби баъди иммунизатсия бештар мебошад; Агар кўдаки Шумо дардро ҳис кунад ва сурхшавӣ дар ҷои сӯзандору мушоҳида шавад, дар ин маврид Шумо метавонед барои паст намудани дард, сурхшавӣ ва варам ба мавзеи сӯзандору матоъи тари хунукро гузоред; Таъсироти ногувори ҷиддӣ хеле кам ба назар мерасанд ва ба организм зарари дарозмуддат надоранд. Бештар ин таъсирот ҳамчун аллергия ба назар мерасанд. Агар кўдаки Шумо ягон беморӣ дорад ва ё ба ягон дору ё маводи ғизоӣ аллергия дорад, табибатонро огоҳ намоед; Холатҳои номатлуби баъди иммунизатсия, ба монанди аллергияи вазнин хеле кам ба назар мерасанд ва табибон дар бораи чӣ гуна бартараф кардани ин ҳолатҳо омўзонида шудаанд; Аз тарафи дигар, бисёр бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ мешаванд, метавонанд ҷиддӣ гузаранд, ба мағзи сар ва узвҳои биноӣ ва шунавоии кўдак таъсири манфӣ расонанд ва ҳатто ба марг оварда расонанд; Агар кўдак пас аз иммунизатсия аллергия пайдо кунад ва ба ҳаёти вай таҷдид накунад ҳам, ин ҳолат дар муассисаи тиббӣ таҳти назорат қарор мегирад; Гарчанде, ки эҳтимолияти пайдо шудани чунин ҳолатҳои номатлуб тарсро ба миён меорад, бояд бартарии эмин будани кўдакатонро аз бемориҳои хатарнок тавассути ваксинаҳо бояд баркашид; Баъзе падару модарон аз гузаронидани ваксинаҳо даст мекашанд ва умед доранд, ки кўдаки онҳо ба беморӣ гирифтор намешавад. Аммо, бояд дар хотир дошта бошем, ки мо дар ҷаъмият зиндагӣ мекунем ва ҳатто як кўдаки сироятёфта метавонад бемориро дар ҷомеа паҳн намояд. Аз ин лиҳоз, иммунизатсия кардани ҳамаи кудакон бисёр муҳим аст.
Таъсироти ногувори пас аз иммунизатсия чӣ гунаанд?
Ҳар шахс беназир аст ва метавонад ба иммунизатсия ба таври мухолиф вокуниш нишон бидиҳад; Дар бештари ҳолатҳо ваксинаҳо самаранок мебошанд ва таъсироти номатлуб надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо пас аз ворид кардани ваксинаҳо реаксияҳо сабук ва зуд азбайнраванда ба монанди сурхшавїӣ ва дард дар ҷои сӯзандору ва баланд шудани ҳарорати бадан мушоҳида мешаванд; Ин таъсироти номатлуби баъди иммунизатсия маъмулан чанд рўз давом мекунад ва табобатшаванда аст; Манфиатҳои иммунизатсия барои ҳамаи кўдакон назар ба таъсироти номатлуби баъди иммунизатсия бештар мебошад; Агар кўдаки Шумо дардро ҳис кунад ва сурхшавӣ дар ҷои сӯзандору мушоҳида шавад, дар ин маврид Шумо метавонед барои паст намудани дард, сурхшавӣ ва варам ба мавзеи сӯзандору матоъи тари хунукро гузоред; Таъсироти ногувори ҷиддӣ хеле кам ба назар мерасанд ва ба организм зарари дарозмуддат надоранд. Бештар ин таъсирот ҳамчун аллергия ба назар мерасанд. Агар кўдаки Шумо ягон беморӣ дорад ва ё ба ягон дору ё маводи ғизоӣ аллергия дорад, табибатонро огоҳ намоед; Холатҳои номатлуби баъди иммунизатсия, ба монанди аллергияи вазнин хеле кам ба назар мерасанд ва табибон дар бораи чӣ гуна бартараф кардани ин ҳолатҳо омўзонида шудаанд; Аз тарафи дигар, бисёр бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ мешаванд, метавонанд ҷиддӣ гузаранд, ба мағзи сар ва узвҳои биноӣ ва шунавоии кўдак таъсири манфӣ расонанд ва ҳатто ба марг оварда расонанд; Агар кўдак пас аз иммунизатсия аллергия пайдо кунад ва ба ҳаёти вай таҷдид накунад ҳам, ин ҳолат дар муассисаи тиббӣ таҳти назорат қарор мегирад; Гарчанде, ки эҳтимолияти пайдо шудани чунин ҳолатҳои номатлуб тарсро ба миён меорад, бояд бартарии эмин будани кўдакатонро аз бемориҳои хатарнок тавассути ваксинаҳо бояд баркашид; Баъзе падару модарон аз гузаронидани ваксинаҳо даст мекашанд ва умед доранд, ки кўдаки онҳо ба беморӣ гирифтор намешавад. Аммо, бояд дар хотир дошта бошем, ки мо дар ҷаъмият зиндагӣ мекунем ва ҳатто як кўдаки сироятёфта метавонад бемориро дар ҷомеа паҳн намояд. Аз ин лиҳоз, иммунизатсия кардани ҳамаи кудакон бисёр муҳим аст.
Ман бояд чӣ кор кунам, агар кўдаки ман нисбат ба ваксина вокуниш (реаксия) нишон бидиҳад?
Агар кўдаки Шумо нисбати ваксина вокунише нишон диҳад ва ин Шуморо ташвиш медиҳад, ба духтур ва ё ҳамшираи тиббӣ муроҷиат бикунед; Агар вокуниш вазнин бошад, кўдакро ҳатман назди табиб баред; Ба табиб бигўед, ки чӣ шудааст, кай чунин шуд, иммунизатсия чӣ вақт ва кадом навъи ваксина гузаронида шудааст.
Оё дар ҳолати бемор будани кўдак гузаронидани ваксина мумкин аст?
Дар ин маврид бо духтур сўҳбат кунед. Умуман, кўдакро мумкин аст ҳатто дар ҳолатҳои сабуки аломатҳои бемориҳо ба монанди шамолхурӣ, дарди гўш, ҳарорати каме баланд ва ё диарея иммунизатсия бикард; Агар табиб бигўяд, ки ҳеч мушкилие нест, кўдаки Шумо метавонад ваксинаро қабул бикунад.
Оё ваксинаҳо боиси пайдошавии аутизм ва ё маъюбӣ мешаванд?
Аломатҳои аутизм мумкин аст ҳамзамон бо иммунизатсияи кўдак пайдо шаванд ва баъзе падару модарон хаёл мекунанд, ки ваксина боиси аутизм шудааст; Ҳамаи мутахассисон оид ба бехатарии ваксинаҳо ҳамфикранд, ки ваксинаҳо боиси аутизм намешаванд; Ваксинаҳо ҳамчунин боиси маъюбӣ намешаванд; Муҳим он аст, ки волидайн чун ҳарвақта барои ҳимояи кўдакон аз бемориҳои иқтидоран марговар ба иммунизатсия боварӣ дошта бошанд ва ба он шитобанд.
Ман бояд чӣ кор бикунам, агар кўдаки ман пас аз иммунизатсия гирифтори ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия шавад?
Ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия пеш аз ҳама табиби оилавии Шумо огоҳ карда шавад; Баъзан кўдакон пас аз гирифтани ваксина ба вокунишҳои сабук ба монанди дард ва варам дар ҷои сӯзандору ва ё баланд шудани ҳарорати бадан рўбарў мешаванд. Ин гуна вокунишҳо муқаррарӣ ҳастанд ва зуд бартараф мешаванд; Маслињатҳои зерин ба Шумо барои муайян кардан ва паст намудани ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия кӯмак мерасонанд: Барои паст кардани сурхшавӣ, дард ва варами ҷои сӯзандору матои тари хунукро гузоред; Ҳарорати баданро тавассути пок кардани (молиш додан) бадан бо матои тар паст намудан мумкин аст. Бо тавсияи табиб доруҳои паст кардани ҳарорати бадан, ки дар таркибашон аспирин надоранд, истифода баред; Ба кўдакатон нўшокии зиёд бидиҳед. Кам шудани иштиҳои кўдак дар давоми 24 соати пас аз иммунизатсия ҳолати муқаррарӣ аст; Ба кўдаки худ дар давоми якчанд рўзи баъд аз иммунизатсия таваҷўҳи махсус диҳед. Агар чизе Шуморо нигарон кард, ба табиб муроҷиат бикунед;
Иммунизатсия барои муҳофизат намудани ҷомеаи Шумо чӣ гуна мусоидат мекунад?
Бо иммунизатсия кардан Шумо на танҳо кўдаки худро, балки дигар кўдакони атрофро низ ҳимоя мекунед; Масалан, дар ҷомеаи шумо мумкин аст кўдаконе бошанд, ки бо сабабҳои тиббӣ ё бисёр хурд будан наметавонанд ваксинаҳои муайянро бигиранд. Агар ин кўдакон бо нафаре робита дошта бошанд, ки гирифтори бемории сирояткунанда аст, онҳо низ дар хатари беморшавӣ қарор доранд. Бо иммунизатсия кардани кўдакон, шумо метавонед онҳоро аз бемориҳо муҳофизат намоед ва бо ин роҳ паҳншавии барангезандаи ин бемориҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоед; Биёед, ҷамъиятеро мавриди баррасӣ қарор диҳем, ки дар он бештари кўдакон иммунизатсия карда шудаанд. Ҳатто агар як кўдак бемор шавад, сироят наметавонад паҳн гардад, зеро дигар ин падида масунияти дастҷаъмӣ (коллективӣ) ё худ масунияти аҳолӣ номида мешавад; Агар дар ҷомеа миқдори ками кўдакон иммунизатсия шуда бошанд, бемориҳо ба осонӣ ва зуд паҳн мешаванд ва ба авҷи худ мерасанд. Воќеан, хуруҷи бемориҳои фалаҷ, сурхча ва кабудсулфа ҳамин тавр сар мезанад.

Савол додан