Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Ба андешаи Сарвари давлат, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки давоми се сол барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур бояд сидқан фаъолият намоянд.

Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.

    Зимни Паём Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳоии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Мақсади равонашуда ин барои рушд додани ҳунарҳои халқӣ, дарёфти ҳунармандони болаёқат ва таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ҷалб кардан мебошад.

    Туризм яке аз соҳаҳои сердаромад шумурда шуда, барои таъмин намудани ҷойҳои нави корӣ, пешрафти иқтисодиёди миллӣ ва мустаҳкам кардани робитаи дустӣ бо дигар хақияту миллатҳои гуногун таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

    Дар баробари рушди туризм аҳолиро зарур аст, ки истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона бо сифат хуб ба роҳ монанд ва дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд, ки ин яке аз василаҳои муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад.

  Дар росто агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон савдои армуғонҳои миллиро, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардўзӣ, зардеворӣ, сўзанӣ, кашидадўзӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин, дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ, буклету албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунақаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, нишонҳо, бастаҳои ғўлинг, донак, мавиз, бодом, печаку набот ва ғайраро бо рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он ба роҳ монем, боиси он хоҳад гардид, ки ҳам ба мардум даромад мешаваду ҳам ба буҷети ҷумҳурӣ.

    Яке аз дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсузу ғамхор ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод дастур доданд, ки аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

   Боиси ифтихор тамоми мо тоҷикон аст, ки Тоҷикистон дар раддабандии ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

   Дар робита ба ин нишодҳои тарғиботии Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати боз ҳам рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намоянд

   Маврид ба зикр аст, ки  бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

« Ба қафо