Шахсиятҳои таърихӣ


Осори Айнӣ – маромномаи халқи тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ нахустин шоири инқилобӣ, аввалин насрнависи воқеъгаро, рӯзноманигор, адабиётшинос, забоншинос, муаррих, ҷомеашинос ва бунёдгузори адабиёти навини тоҷик шинохта шудааст. Осори Садриддин Айнӣ маромномаи халқи тоҷик аст ва шеъри ӯ ("Эй ситамдидагон…") дар он замони тақдирсоз ба суруди миллии тоҷикон табдил ёфта буд. Ҳар чизе, ки Садриддин Айнӣ дар тӯли умри худ навишт, ҷанбаи маърифатию маорифпарварӣ дошт ва барои босавод сохтани мардум нигаронида шуда буд ва алҳақ, ӯ ба ҳайси муаллим ва шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз арзи ҳастӣ кардааст.

Айнӣ ба майдони адабиёт ба сифати шоир дохил шуд ва ашъори ӯ чӣ дар даврони амирӣ ва чӣ дар замони Шӯравӣ моҳияти маорифпарварӣ доштанд. Ҳанӯз соли 1907 Шарифҷонмахдуми Садри Зиё дар "Тазкори ашъор" дар мавриди Айнӣ гуфта буд:
Ба мулки сухан Айнии хушбаён,
Чун шамъ аст урёну рӯшанбаён.
Ба назму ба насри сухан довар аст,
Зи насраш вале назми ӯ хуштар аст.
Дар даврони Шӯравӣ фаъолияти устод Айнӣ хеле густариш меёбад. Ҳеҷ як соҳае нест, ки марбут ба миллати тоҷику Тоҷикистон бошаду устод Айнӣ чизе нанавишта бошад. Ӯ пайваста ба таълифи осори манзуму мансур, асарҳои таърихию адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва амсоли онҳо машғул шуда, дар босавод кардани мардуми тоҷик ва ташаккулу тараққии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Аз ин ҷост, ки баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин унвони Қаҳрамони миллат ба номи ин бузургвор рақам зада шуд. Нахустин маҷмӯаи ашъори Айнӣ "Ахгари Инқилоб" (1923) ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ интишор ёфт. Маҷмӯаи дигари ӯ "Ёдгорӣ" (1934) ашъори даврони Шӯравии ӯро фаро гирифтааст. Ӯ ба ҳар муносибат шеъру достонҳо эҷод намуда, ки ба бунёди Тоҷикистони навин бахшида шудаанд. Масалан, достони "Ҷанги одаму об" ба сохтмони шабакаи обёрии водии Вахш бахшида шуда, ки аз сероб гардонидани заминҳои ташналаб ва дар ин замина, аз дӯстии халқҳои гуногунмиллат ҳангоми бунёди ҳаёти нав ҳикоят мекунад. Достонҳои дастҷамъонаи "Зафарномаи халқҳои Тоҷикистон" (1936) ва "Оби ҳаёт", ки бевосита ба раҳнамоии Айнӣ эҷод шудаанд, таҷаддуди моддию маънавии халқи тоҷикро дар он даврони созандагӣ таҷассум менамоянд.
Айнӣ сабаби ба наср рӯ оварданашро дар пешгуфтори маҷмӯаи "Ёдгорӣ" чунин тавзеҳ медиҳад: "Чорчӯбаи вазну қофия барои ифодаи мазмунҳое, ки инқилоб илҳом мекард, тангӣ намуд ва ё ин ки қобилияти шеърии ман аз ифодаи он мазмунҳо дар либоси шеър оҷиз омад ва даромадам ба насрнависӣ". Аммо баррасии осори ин адиби мубориз нишон медиҳад, ки Айнӣ дар ҳар ду давраи ҳаёташ - ҳам даврони амирӣ ва ҳам замони Шӯравӣ аз назму наср ҷудо набуда, ба ҳар ду шеваи каломи бадеъ иншо мекардааст. Баъд аз солҳои 30 асри ХХ гарчанде бештар осори насрӣ офаридааст, аммо ба ҳар муносибате шеъру достонҳо эҷод карда, ки фарогири мазмуни дӯстии халқҳо, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, ташаккули одами нав ва тарғиби давлати мардумсолорӣ мебошанд. Алалхусус, дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) фаъолияти шоирии Айнӣ боз ҳам бештар вусъат меёбад. Ашъори дар ин солҳо сурудаи ӯ "Мо зи Ҳитлер ниқори башарият гирем", "Марши интиқом", "Қаҳрамони Ленингрод" ва ғайра, ки дар анвои мухталифи адабӣ эҷод шудаанд, дорои мазмуни ватандӯстона, озодипарастӣ ва нафрат ба ҷангу ҷангҷӯён аст. Ӯ халқро ба мубориза зидди истилогарони фашистӣ даъват карда, фидокорию қаҳрамонии халқҳои гуногунмиллати Шӯравиро васф намудааст. Айнӣ ғалабаи халқи Шӯравиро бар фашизм бо "Қасидаи ҷанг ва зафар" истиқбол кард, ки оҳанги мутантан дорад. Ашъори минбаъдаи Айнӣ амсоли "Барги сабзи дӯстона аз қабили тикаи муҳаббат", "Салом" ба тараннуми дӯстии халқҳо бахшида шудаанд.
Айнӣ ба ҳайси донишманди таърихнигор ҳанӯз дар даврони амирӣ бо навиштани асари таърихии илмӣ "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" (1918) ва китобҳои таълимиаш чун "Таҳсиб-ус-сибён", алалхусус қисмати "Хонадони хушбахт" ҳамчун нависандаи воқеъгаро шуҳрат касб карда буд. Дар 34 соли зиндагии даврони Шӯравиаш ба сифати шоир, нависанда, рӯзноманигор, таърихшинос, адабиётшинос, забоншинос, мунаққид, драмнавис ва дар маҷмӯъ, бунёдгузори насри воқеъгаро, бахусус насри реалистӣ ва анвои мухталифи он дар адабиёти Шӯравии тоҷик шинохта шуд. Айнӣ ба ҳайси як донишманди бузург китобу мақолаҳои зиёде дар мавриди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, намояндагони бузурги он ва таъриху фарҳанги миллат навишта, ки барҳақ ӯро поягузори адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва таърихшиносии Шӯравии тоҷик медонанд.
Ин ҷо аз осори мансури бадеии ӯ сухан меравад. Нахустин қиссаи насрии Айнӣ (1920) "Ҷаллодони Бухоро" ном дорад, ки ба забони ӯзбекӣ ба нашр расидааст. Айнӣ нахуст онро ба забони тоҷикӣ дар шакли ҳикоя бо унвони "Фоҷиаи як ҷавони Бухоро" навишта, ба нашриёти Ҷумҳурии Халқии Бухоро месупорад, аммо бо сабаби ба форсӣ иншо шуданаш онро чоп намекунанд. Адиб маҷбур мешавад, ки онро ба забони ӯзбекӣ нависад. Дар ин асар ҷадидкушии амир баъд аз воқеаи Колесов бо шеваи ҳикоят андар ҳикоят ба тасвир омадааст. Айнӣ воқеаи мудҳиши қатли омро баъд аз фурӯ нишондани шӯриш (1918), ки дар Арки амир ба амал омада буд, ба риштаи тасвир кашидааст. Айнӣ аз номи як гурӯҳ ҷаллодон, ки рӯзона ба куштани мардум ва шабона ба бор карда бурдани мақтулон машғул буданд, разолати амир ва амалдорони онро фош намудааст. Қобили зикр аст, ки ин асари Айнӣ сирф бадеӣ нест, балки дар асоси воқеаҳои таърихӣ иншо шуда, як қиссаи мустанадро мемонад. Баъд аз ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон Айнӣ ба ҳаёти мардуми кӯҳистони тоҷик рӯ овард ва як қатор мақолаҳо, амсоли "Тоҷикони кӯҳистон", "Аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон", "Муносибати тоҷикони кӯҳистон ба ҳукумати Шӯроӣ" (1924) ва ғайра навишта, дар рӯзномаи "Овози тоҷик" ба нашр расонд. Ин мақолаҳо заминае барои навиштани қиссаи "Одина" буданд. Қиссаи (повест) "Одина" ибтидо бо унвони "Саргузашти як тоҷики камбағал" аз соли 1924 қисм-қисм дар рӯзномаи "Овози тоҷик" ба нашр расид. Қиссаи "Одина" соли 1927 ва "Ҷаллодони Бухоро" соли 1937 дар шакли китоб ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, баъзе айнишиносон "Одина"-ро нахустин асари реалистии Айнӣ мешуморанд.
Воқеан, ин асар дарёи адабиёти форсии тоҷикиро маҷрои тоза бахшид. Бори нахуст ҳаёти мардуми ранҷбари замону макони муайян мавзӯи тасвири бадеӣ ва намояндаи аҳли меҳнат қаҳрамони он гардид. Адиб дар ин асар дар симои Одина, Гулбибӣ, Бибиоиша, Арбоб-камол, Мулло Хокироҳ ва дигарон ҳаёти тоҷикони кӯҳистонро дар ибтидои қарни ХХ ба тасвири бадеӣ мекашад ва воқеоти асар аслан дар кӯҳистони Қаротегин мегузарад. Забони соддаю оммафаҳм, шеваи тозаи баёни андеша, манзаранигорӣ ва образофарии табиӣ дар баррасии нобаробарии табақотӣ, рӯзгори иҷтимоии мардум асарро хеле ҷаззоб ва хонданбоб кардаанд. Бешак, Айнӣ дар иншои ин асар ҳамон шеваи воқеъгӯии "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Донишро сармашқи кори худ қарор додааст, вале бо забону шеваи баёни соддатар. Воқеоти асар бо пирӯзии Инқилоби Октябр ба поён мерасаду Одина дар арафаи бунёди ҳаёти нав мемирад. Ин қисса сармашқи адибони насли нави тоҷик гардид ва маҳбубияти азим касб кард. Баъд аз тарҷумаи он ба забони русӣ (1929-1931) дар байни хонандагони русзабон низ ҳаводорони зиёд пайдо кард ва аз ҷониби онҳо баҳои сазовор гирифт. Қиссаи "Одина" қабл аз ба сифати китоб ба нашр расиданаш, дастраси форсизабонони хориҷӣ мешавад. Хонуми эроние бо исми Шукӯҳи Ховариён аз Теҳрон чунин менависад: "Дар шумораи шаши маҷаллаи "Роҳбари дониш" зери унвони "Якумин қиссаи инқилобии тоҷик "Одина", асари Садриддин Айнӣ риштаҳое хондам, ки эҳсосоти маро муҳаррик шуд ин муросаларо ба шумоҳо, ки ношири афкори озод ва инқилобии форсизабонон ҳастед, бинависам. Ман ҳанӯз ин китоби муқаддасро, ки намунае аз нолаву фарёдҳои бадбахтона ва гирифторони Шарқ аст, надидаам. Ҳанӯз фаслҳои зиёди он ҳар як тоблуи ҳузнангез хоҳад буд, аз пеши чашмам нагузашта, вале ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омол ва орзуҳои заҳматкашони Шарқ ва хусусан форсизабонон дар он ҷамъ хоҳад буд".
Асари дигари Айнӣ "Дохунда"-ро, ки дар адабиётшиносии тоҷик онро "Нахустромани адабиёти Шӯравии тоҷик" меноманд, метавон идомаи мантиқии қиссаи "Одина" номид. Романи "Дохунда" дар байни солҳои 1927-1929 таълиф шуда, нахуст соли 1930 дар шаҳри Қазони Русия бо ҳуруфи форсӣ ба нашр мерасад ва ба таъкиди Х. Асозода, Айнӣ мехост онро ба шарафи ташкили Ҷумҳурии ҳафтумини Сотсиалистии Тоҷикистон ҳадя намояд. Дар ин асар муҳимтарин масоили сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқӣ - муборизаву талоши аҳли меҳнат барои озодӣ, истиқлоли миллӣ ва бунёди ҳаёти нав дар як давраи муайяни таърихӣ, аз ибтидои қарни ХХ то сеяки аввали он ба риштаи тасвир кашида шудааст. Қаҳрамони асосии "Дохунда" халқи меҳнатӣ буда, фазилати он дар симои Ёдгору Гулнор таҷассум ёфтаанд. Тасвири мавзӯи таърихӣ, вусъати воқеоти марҳилавии сиёсию иҷтимоӣ ва наҳзати таърихии халқ дар ҷодаи навсозии сарзамини худ ба "Дохунда" рӯҳи ҳамосӣ бахшидааст. Ёдгору Гулнор намоди инсони ташаккулёфтаи муборизанд, ки адиб камолоти шахсияти онҳоро вобаста ба тағйироти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ба қалам додааст. Айнӣ дар ин асар муборизаи шадиди ду давра - феодализми фаношаванда ва сотсиализми навзуҳурро вобаста ба ҳаводиси таърихӣ воқеъгароёна ба тасвири бадеӣ кашида, ки аксари иштирокчиёни он бо исми худ (монанди сарварони босмачиён ва роҳбарони ғоявии онҳо Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Дониёл, Эшони Султон, Анварпошшо, Салимпошшо, Усмон Хоҷаев, Алӣ Ризо ва дигарон) тасвир шудаанд.
Мавзӯи ғуломон ва ғуломфурӯшӣ дар Осиёи Миёна, ки аз ҳаёти мардуми ин сарзамин сарчашма мегирад, ибтидо дар қиссаи "Қулбобо" (соли 1928 ба ӯзбекӣ) ва баъдан дар романи "Ғуломон"-и (1934) Айнӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Ин роман воқеаҳои таърихии бештар аз як қарни (аз соли 1824 то 1933) Мовароуннаҳру Хуросон ва Осиёи Миёнаро фаро мегирад, ки дар мисоли авлодҳову наслҳо ба тасвири бадеӣ кашида шудааст. Воқеъгароии Айнӣ дар тасвири қонуниятҳои инқилобии тараққиёти ҷамъият асос ёфтааст. Робитаи замону макон, вақту фазо, фард ва ҷамъият, воқеияти ашхос ва ашё дар "Ғуломон" ба таври аҳсан риоя шуда, ки далели равшани ҳуҷҷатписандии Айнӣ, такяи ӯ ба ҳақиқати воқеоти таърихӣ мебошад.
Насри Айнӣ дар солҳои 30 асри ХХ ҳаматарафа рушд намуда, аз ҷиҳати мавзӯю масоил, анвои адабӣ, сабк ва амсоли инҳо ғанӣ гардид. Адиб паҳлӯҳои тозаи зиндагиро мавриди тасвири бадеӣ қарор медиҳад. Қиссаи "Мактаби кӯҳна" (1934) дар мавриди шеваи номатлуби омӯзишу парвариши мактабҳои замони гузашта мавриди танқид қарор ёфтааст. "Колхози коммунизм" (1934), "Ҷашни торихӣ", "Тирози ҷаҳон (ҳарду 1936) очеркҳое ҳастанд, ки адиб баъд аз сафарҳояш ба рустоҳои Тоҷикистон ба қалам додааст. Қисса (повест-достон)-и "Марги судхӯр" (1936) на танҳо дар адабиёти Шӯравии тоҷик, инчунин дар адабиёти Шӯравӣ мақоми сазовор касб кард. Барои Қорӣ Исмат, ки ба сабаби судхӯрӣ ва шиками бузургаш Қорӣ Ишкамба лақаб додаанд, ҳеҷ чизе муқаддастар аз пул нест. Ӯ ғуломи пул аст, барои ситондани фоидаи қарзҳое, ки ба мардуми муҳтоҷ медод, тамоми қавонини шариатро пушти по мезанад ва аз ҳеҷ разолате рӯ намегардонад. Ғояи асосии асар ҳалокати дунёи сармоядорӣ ва судхӯрию риёкорист. Марги муфоҷои Қорӣ Исмат ва ба хазинаи ранҷбарон гузаштани сармоя ӯ гувоҳи ин матлаб аст. Қиссаи "Ятим" (1940) ба саргузашти Ятим (Шодӣ Мурод) ном ҷавонест, ки баъд аз инқилоб арбобаш ӯро бо модараш зӯран ба Афғонистон бурда буд, бахшида шудааст. Ҳаёти вазнини тоқатфарсо дар хориҷа ва бозгашти ӯ ба Тоҷикистони Шӯравӣ ва тарбият ёфтану хидмат кардани ӯ дар бунёди ҳаёти нав хеле олӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Насри Айнӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон хеле рушд ёфт. Айнӣ ҳам бо шеър ва ҳам бо наср бо ғояи олии ватанхоҳӣ халқро ба муқобили душман даъват кардааст. Дар ин ҷода насри илмию бадеии ӯ ҷолиби диққат аст. "Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик" (1944) ва "Исёни Муқаннаъ" (1944), як қатор мақолаҳои ӯ ҷанбаи ватандӯстӣ дошта, бо ёдоварии ҳофизаи таърихӣ перомуни аҷдоди қаҳрамону далер ҷавононро бар зидди душмани истилогар сафарбар менамуданд. Муқаннаъ (пешвои шӯришчиён бар зидди Хилофати араб дар асри 8) ва Темурмалик (хокими Хуҷанд ва сарлашкари ғаюр бар зидди муғул асри 13) ҷанговаронро бар зидди душман рӯҳу қувваи тоза мебахшиданд. "Чингизи асри ХХ", "Деви ҳафтсар", ки такя ба ҳаводиси таърихи миллат ва афсонаву ривоёти он доранд, мақолотест, ки Айнӣ дар накӯҳиши фашистони истилогар ва раҳбари онҳо - Ҳитлер бахшидааст. Дар ин асар адиб сарвари фашистонро ба деви ҳафтсар ташбеҳ карда, ки сарбози диловари тоҷик ӯро мағлуб мекунад.
"Ёддоштҳо" (1947-1954)-ро метавон асари ҷамъбастии эҷодиёти Айнӣ шуморид, ки аз чаҳор ҷилд иборат буда, нотамом мондааст. Вақеан, "Ёддоштҳо" як шоҳасари адабист, ки дар адабиёти собиқ Шӯравӣ мақоми шоиста касб кард ва ба мукофоти давлатии ин кишвар сазовор гардид (1950). Адиб дар чаҳор ҷилди ин шоҳасар ҳаёти халқи тоҷикро вабаста ба саргузашти худ дар солҳои 80-90 асри ХIХ бо фарогирии муҳимтарин масоил ва ҷузъиёт тасвир кардааст. Айнишиносон ин асарро қомуси халқи тоҷик дар чоряки охири қарни ХIХ донистаанд. Дар ин асар аз ҳама табақаи мардум намояндагон бо номи худ фаъолият мекунанд. Тамоми воқеоти асар аз номи Садриддин нақл мешавад, вале дар маркази тасвир симои халқи тоҷик бо он ҳама маърифату урфу одаташ ва шебу фарози зиндагияш, муборизаву талошаш, созандагию бунёдкориаш дар як давраи муайяни таърихӣ ба тасвир омадааст. Дар раванди рушду камоли Садриддин беҳтарин сифати халқ дар симои ӯ тасвир шудааст. "Ёддоштҳо"-и Айнӣ ба адабиёти халқҳои қазоқу қирғиз ва ӯзбеку туркман такони ҷиддие дод ва дар пайравӣ аз он суннати ёддоштнависӣ дар адабиёти ин халқҳо роиҷ гардид.
Айнӣ соли 1917 дар Самарқанд асаре бо номи "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" ё "Таърихи усули савтия ва инқилоби фикрӣ дар Бухоро" навишта, ба Бухоро барои нашр фиристода буд. Китоби мазкур соли 2005 ба сифати ҷилди панҷуми "Ёддоштҳо" ба нашр расид.
Осори Айнӣ пайванди суннатҳои адабии Шарқ, махсусан адабиёти классикии форсу тоҷик ва Ғарб мебошад. Айнӣ ба воситаи тарҷума ва ба туфайли шогирдонаш аз осори саромадони адабиёти рус огаҳӣ дошт ва худ борҳо қайд карда, ки аз осори М. Горкий, ки бо ӯ ошно буд, баҳра бардоштааст. "Зиндаи абадӣ" (1936), "Омӯзиши ман аз Максим Горкий", "Хотираи фаромӯшношудании устоди бузург" (1936), "Симои фаромӯшнашаванда" (1946) ва "Падари тарбиятгари адабиёти Шӯравӣ" (1951) мақолаҳое мебошанд, ки Айнӣ аз суҳбатҳояш бо Горкий ва баҳрабардорияш аз осори ин нависандаи бузурги рус сухан мегӯяд. Айнӣ шогирдони зиёде ҳам дар соҳаи адабиёт ва ҳам дар ҷодаи илми тоҷик тарбият карда, ки баъдан макотиби бунёдниҳодаи ӯро чӣ дар соҳаи адабиёт ва чӣ дар ҷодаи илм идома доданд. Бузургтарин нависандагону шоирони тоҷик чун Ҷалол Икромию Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ… ва донишмандоне амсоли Абдулғанӣ Мирзоеву Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурию Шарифҷон Ҳусейнзода… бо ифтихор худро шогирди мактаби бузурги Айнӣ медонанд. Нуфуз ва таъсири мактаби Айнӣ дар инкишофи адабиёти дигар ҳалқҳои Шӯравӣ, хусусан адабиёти қазоқу ӯзбек, қирғизу туркман хеле назаррас аст.
Донишмандони эронӣ дар нашр ва таҳқиқи мероси Айнӣ корҳои назаррасе анҷом додаанд. Дар Эрон чаҳор ҷилди "Ёддоштҳо", "Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам", "Намунаи адабиёти тоҷик", "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" ва баъзе дигар асарҳои Айниро бо пешгуфтори муфассал ва шарҳу тавзеҳи илмӣ ба нашр расондаанд. Айнӣ ба ҳайси нависандаи классики адабиёти Шарқ эътироф гардидааст. Алфред Курелла - шоиру носир ва мутарҷими олмонӣ Айниро таҷассуми равобити самарабахши тамаддуни шарқию ғарбӣ медонад. 100-солагии Айнӣ бо қарори СММ (1978) дар миқёси байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Осори Айнӣ бо 17 забони халқҳои собиқ Шӯравӣ ва 12 забони хориҷӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Хулоса, оғози фаъолияти илмии Айнӣ аз соли 1912 бо мақолаи илмӣ дар бораи рӯзгор ва осори Бедил шурӯъ мешавад, ки дар маҷаллаи "Шӯро" (1912, №2) ба забони тоторӣ ба нашр расидааст. Асарҳои илмии ӯ доир ба таърих, забону адабиёт, кишваршиносӣ, луғатнигорӣ, мусиқӣ, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд, пояи ин илмро дар Тоҷикистон асос гузошт. Масалан "Таърихи амирони манғитияи Бухоро" (1923), "Материалҳо (мавод) доир ба Инқилоби Бухоро" (Маскав, 1926, ба забони ӯзбекӣ), "Дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-и ӯ" (1934), "Устод Рӯдакӣ" (1940), "Камоли Хуҷандӣ" (1940), "Шайх Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ" (1940-42), "Мирзо Абдулқодири Бедил" (1954), "Восифӣ ва хулосаҳои "Бадоеъ-ул-вақоеъ" (1946), "Алишери Навоӣ" (1948) ва ғайра ҳар як дар таърихи илми тоҷик мақоми арзанда доранд.
Айнӣ солҳои 20-30 асри ХХ мақолаҳои зиёде доир ба забон иншо карда, ки "Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ", "Китобҳои тоҷикӣ", "Луғати нимтафсири тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик" (1934) ва ғайра аз он ҷумлаанд. Дар ин мақолаҳо ӯ асоси назариявии шеваи нави забони адабии тоҷикро нишон дода, дар асарҳои бадеии худ намунаи равшани соддабаёниро ба майдон гузошт.

 

Мирзо Турсунзода


Мирзо Турсунзода (2 майи 1911, Қаратоғ, Бекигарии Ҳисор, Аморати Бухоро — 24 сентябри 1977, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967). Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон (2001).

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 - 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар ш. Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб(Боғи Лучоб)-и ш. Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

 

Абуалӣ ибни Сино


Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино машҳур ба Абуалӣ ибни Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони садаҳои миёна ва ҳамчунин ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, деринашинос (палеонтолог), риёзидон, физикдон, шоир, равоншинос, файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китобу-ш-Шифо» ва «Китобу-л-Қонун фит-Тибб» ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз тафсиргарони асосии Арасту буд), илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.
Абуалӣ ибни Сино боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

 

Муҳаммад Иқбол


Муҳаммад Иқбол шоир, файласуф ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон, симои калидӣ дар адабиёти урду ва форсу тоҷик, мутафаккир, падари рӯҳонии Покистон ва мубаллиғи ин мамлакат ба шумор меравад.
Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар Сиалкот дар оилаи дӯзандаи диндори машҳур таваллуд ёфтааст. Оилаи онҳо аз браҳман (одами табақаи олӣ дар Ҳиндустон) буданд, ки дини исломро қабул кардаанд. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифт. Аз чорсолагӣ китоби муқаддаси "Қуръон"-ро омӯхт. Дар соли 1892 ба духтари яке аз духтурон аз Гуҷарат бо номи Каримбибӣ оила барпо кард.
Соли 1895 Муҳаммад Иқбол ба мактаби олии давлатии Лоҳур дохил шуда, дар он ҷо фалсафа, адабиёти арабӣ ва англисиро омӯхт. Яке аз устодонаш шарқшинос Томас Уокер Арнолд буд, ки ба Муҳаммад Иқбол барои васеъ намудани шуурнокиаш сайёҳати Аврупоро тавсия дод. Соли 1899 вай дараҷаи магистриро гирифт. Сипас дар Англия (дар мактаби олии Тринти Донишгоҳи Кембриҷ) ва Олмон (Донишгоҳи Мюнхен) таҳсил намуд. Соли 1908 профессори фалсафа гардид. Дар Мюнхен диссертатсия доир ба мавзӯи "Рушди метафизика дар Форс"-ро ҳимоя намуд. Дар Британияи Кабир Муҳаммад Иқбол узви шуъбаи лондонии Лигаи тамоми ҳиндуҳои мусулмон гардид. Дар Олмон бошад, бо кори Гёте, Гейне ва Нитсше ошноӣ пайдо кард.
Аз соли 1908 дар Лоҳур зиндагӣ кард ва он ҷо аз фанни фалсафа дарс медод, баъдтар ҳуқуқшиносиро мавриди диққат қарор дод. Ба эҷод охири соли 1890-ум шурӯъ кард. Бо китоби алоҳидаи назмаш "Асрори ман" дар соли 1915 баромад намуд. Шеърҳоро бо забони урду, панҷобӣ ва форсӣ эҷод мекард. Дар марҳилаи аввали эҷодиёташ бо забони урдуӣ шеър менавишт, баъдтар ба забони форсӣ гузашт. Бо забони форсӣ манзумаҳои фалсафиро бо номи "Асрори худӣ" ва "Рамузи бехудӣ", маҷмӯаи "Забури Аҷам", достони "Ҷовиднома" ва "Мусофир" нашр кард. Илҳомбахши шеъри вай, пеш аз ҳама Ҷалолиддини Балхӣ буд. Худи Муҳаммад Иқбол дар эҷодиёташ мавзӯъҳои расмии маҷмӯаҳои сӯфиёна ва орифонаро тараққӣ додааст.
Бо ҳиссиёти публитсистӣ маҷмӯаҳои назмии ба забони урду нашршуда, ба мисли "Боли Ҷабраил", ки дар он гимни масҷиди Кордовҳо, "Зарби калом" ва инчунин "Армуғони Ҳиҷоз" хеле фарқият доранд. Соли 1923 ба табъ расонидани достони лирикии "Паёми Машриқ"-и Муҳаммад Иқбол ҷавоб ба "Девони Машриқу Мағриб"-и Гёте гардид.
Миёнаҳои соли 1920 фаъолона дар зиндагии сиёсии Ҳинд иштирок намуд. Соли 1926 Муҳаммад Иқбол узви Маҷлиси қонунбарории Панҷоб интихоб гардид. Дар соли 1928 бо ақидаи нав шудани ислом "Таҷдиди ақидаҳои динӣ дар ислом" баромад намуд. Дар соли 1930 Муҳаммад Иқбол бо сифати раиси иҷлосияи Лигаи мусулмонон барои бунёди давлати мусулмонӣ дар ҳайати федератсияи Ҳинди мустақил баромад кард. Ин, оқибат асоси он шуд, ки Иқболро "падари рӯҳонии Покистон" эълон карданд.
Пас аз фавти Муҳаммад Иқбол ақидаҳои вай аз тарафи ҳаракати Покистон вусъат дода шуданд, ки ба давлати алоҳидаи мустақили Покистон оварда расонд. Дар ду мизи мудаввар, ки дар Лондон баргузор карда шуданд, иштирок намуд. Инчунин, аз мамолики Франсия, Испания ва Италия дидан намуд ва дар конфронси мусулмонӣ дар давлати Байтулмуқаддас ширкат варзид. Тирамоҳи соли 1933 вай ба кишвари Афғонистон даъват шуда буд, то ки таъсиси донишгоҳро дар Кобул муҳокима кунанд.
Дар даврони сотсиалӣ-инқилобӣ эҷодиёти худро бо ақидаҳои сотсиализм равнақ дода, "бединии коммунистӣ"-ро рад кард. Дар соли 1953 "Базми Иқбол" ташкил гардид.
Писари вай Ҷовид Иқбол файласуф ва судяи Суди Олӣ шуд.

Иқбол ва иттиҳоди ҷаҳони ислом

Иттиҳод - аз омилҳои асосии тавоноии мусулмонон аст, аммо дар роҳи иҷрошавии ин амал мамониатҳои зиёди дохиливу берунӣ вуҷуд дорад. Муҳаммад Иқбол омилҳои ҷудошавии мусулмононро ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим намуд: 1. Омили дохилӣ 2. Омили берунӣ.

Аз гурӯҳи аввал метавон аслан империализм, миллатчигӣ, мустамликадорӣ, вобастагии иқтисодӣ ва "баробарии" фарҳангиро ҷудо кард.
Дараҷаи дуюми омилҳои халалрасонанда ба иттиҳод, омилҳои дохилӣ мебошанд ва ба ақидаи Иқбол, омилҳои дар поёновардашуда дар ин дараҷа асосӣ ба шумор мераванд: дурии мусулмон аз реша ва манбаи худ, хатмкардагони макотиби таҳсилоти ғарбӣ ва бехабар будани онҳо оид ба саволҳои фарҳанги исломӣ ва ҷой надоштани пешравӣ дар илму маданияти ҷомеаи мусулмонон.
Аллома Муҳаммад Иқбол иттиҳод ва баробарҳуқуқиро ду сутуни асосӣ ва ҷудонагардидаи ҷомеаи исломӣ мешуморад. Вай чунин мешуморид, чанде ки мо ба рӯҳи ҳақиқат ва омӯзиши ислом наздиктар шавем, ҳамон қадар иқтидор, бузургӣ ва иттиҳоди мусулмон хуб нишон дода мешавад. Иттиҳоди исломиро вай асоси яккахудоӣ медонист. Муҳаммад Иқбол иттиҳод ва бохабариро ду омили ҳамдигарпуркунанда ва ноогоҳиву ҷоҳилиро сабаби асосии ихтилоф мешуморид. Вай чунин мешуморид, ки иттиҳод бояд бо ду усул иҷро карда шавад: 1. Интегратсияи ҳокимон ва ҳукумати давлатҳои исломӣ 2. Маълумоти калон доштани мардум.
Роҳҳои таҷассум кардани иттиҳод бо се усул тасвир карда мешаванд: якум - роҳбарияти якҷояи давлатҳои мусулмон, дуюм - бунёди федератсияи исломии аз тамоми давлатҳои исломӣ иборатбуда ва дар охир - иштирок дар иттифоқ, алянс, созишномаҳо ва баланд бардоштани муносибатҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошанд.
Дар Шарқ, асосан дар минтақаи Покистон, Афғонистон ва Осиёи Миёна асарҳои вай дар байни мусулмонон шуҳрат доранд. Яке аз асарҳои машҳуртарини Муҳаммад Иқбол "Паёми Машриқ" ба шоҳи онвақтаи Афғонистон Амонуллохон бахшида шудааст. Дар Шарқ ӯро ҳамчун "Ситораи Шарқ" лақаб мондаанд. Дӯстии Муҳамммад Асад (Леополд Вайса) воизи шуҳратдор ва дипломати яҳудитабор бо Муҳаммад Иқбол ва ақидаҳои вай дар бештари мавридҳо боиси рӯ оварданаш ба ислом гардид.
Дар Покистон, Ҳинд, Британияи Кабир, Канада ва дигар давлатҳо ҷамъиятҳои илмӣ барои омӯзиши мероси Муҳаммад Иқбол таъсис дода шудаанд. Дар Покистон Академияи Иқбол фаъолият мекунад. Инчунин, донишгоҳи Кушод дар Исломобод, майдони крикет дар Файсалобод ва фурудгоҳи байналмилалӣ дар Лоҳур ба номи вай гузошта шудаанд.

Мақбараи Муҳаммад Иқбол дар Лоҳур

Муҳаммад Иқбол 21-уми апрели соли 1938 дар Лоҳур даргузашт. Мақбараи Иқбол дар Ҳузури Боғ пеш аз баромадгоҳ ба масҷиди Бадшахӣ дар Форт Лоҳур буда, расман аз ҷониби Ҳукумати Покистон посбонӣ карда мешавад.

 

Умар Хайёми Нишопурӣ


(форсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری‎; 18 май 1048, Нишопур — 4 декабри 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.

Зиндагинома
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.
Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.
Хайём дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Ӯ дар замони худ дорои мақом ва шӯҳрате баланд будааст ва муосирони ӯ ва низ мутаъаххирон ҳама вайро ба лақабҳое чун: Ҳаким, Хоҷа, Имом, Файласуф, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома, Қудватул-фазл (Улгуи фазилат), Султонул-уламо, Маликул-ҳукамо, Имоми Хуросон ва ғайра сутудаанд.
Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.
Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.
Аз назари сиёсат низ воқеаҳои муҳимме дар асри Хайём рух дод, ки аз ҷумлаи онҳо суқути давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва зуҳури ботиниён аст. Хайём бештари умри худро дар шаҳри Нишопур гузаронд ва дар тайи даврони ҳаёти худ фақат ду бор аз Нишопур хориҷ шуд. Сафари аввал барои анҷом додани маросими ҳаҷ будааст.
Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

« Ба қафо