ДАР БОРАИ МО

Навъи дуюми диабет дар навбати худ ба ду гурўҳ тақсим мешавад: диабети қанди бо вазни муътадили бадан ва диабети қанди бо вазни барзиёди бадан (фарбеҳӣ). Дар аксар беморони гирифтори диабети қанд маҳз ҳамин ду навъи беморӣ, бештар 70%-и ҳолат ба қайд гирифта мешаванд. Дигар навъҳои диабети қанд ва ҳолату аломатҳои гуногун кам вомехӯранд.

Хатари инкишофёбии бемории диабети қанд ҳангоми мавҷудияти бемории ишемияи дил ва вайроншавии ҳосилшавии чарбҳо 2 маротиба, мавриди фарбеҳӣ – 6 ва диабети қанди ирсӣ миқдори қанд дар хун 15 маротиба меафзояд. Якҷояшавии 4 омили хавфовар имконпазирии инкишофи диабети қандро 20 маротиба зиёд мекунанд.

Ҳангоми диабети қанди навъи 2 таъйини ғизои пешгирикунанда ва табобатӣ яке аз роҳҳои муолиҷаи самараноки он мебошад. Дар ҳолати бемории диабети қанди навъи 1 ғизои табобатӣ ҳамчун омили иловагии табобат дар баробари таъйини дорувориҳо нақш мебозад.

Беморони гирифтори диабети қанд бояд дар як шаборўз 5-6 маротиба (тахминан пас аз ҳар 3 соат) бо миқдорҳои кам ғизо истеъмол намоянд. Ин барои пешгирӣ кардани сарбории зиёд ба ҳуҷайраҳои β-и бофтаҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳангоми истеъмоли ҳар як ғизо ва барои таъмини азхудкунии нисбатан баробари он зарур мебошад. Тақсимоти дурусти истеъмоли ғизо аз рўйи арзиши неру чунин аст: наҳории якум – 20%; наҳории 2-юм – 10%; хўроки нисфирўзӣ – 30%; хўроки пешин – 10%; хўроки бегоҳирўзӣ – 10%; пеш аз хоб – 10%.

Парҳези умумӣ барои тамоми беморони гирифтори диабети қанд вуҷуд надорад. Ғизои табобатӣ барои ин беморӣ вобаста ба навъи диабети қанд, вазнинии ҷараён ва мавҷудияти оризаҳо таъйин мегардад.

Ҳангоми ташкили ғизои пешгирикунандаю табобатӣ барои беморони гирифтори диабети қанд дар навбати аввал тобоварӣ (толерантнокӣ) ба карбогидратҳо муайян карда мешавад. Яъне миқдори карбогидратҳое, ки ҷисм онҳоро азхуд мекунад (бе пайдо шудани қанд дар пешоб), муайян карда мешавад. Барои ин ғизои табобатии санҷиширо истифода мебаранд. Дар асоси таҷрибаи Клиникаи ғизои табобатии Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ғизои Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия” ғизои пешгирикунандаю табобатии санҷишӣ, ки аз 300 г карбогидрат (бештар полисахаридҳо), 100 г сафеда ва 70-80 г чарб (2300 ккал) бо миқдори кофии витаминҳо ташкил ёфтааст, фармоиш мешавад. Ғизоро дар давраи муайянкунии тобоварӣ ба карбогидратҳо таъйин мекунанд. Барои баъзе беморон ин ғизои табобатӣ метавонад доимӣ бошад, зеро он ба сарфи неруи ҷисм ҷавобгўй аст. Агар пас аз таъйини ғизои табобатии санҷишӣ ҳолати бемор хуб нагардад (миқдори қанди хун паст нашавад), зарурати таъйин намудани маводҳои дорувории қандпасткунанда ба миён меояд.