Ворид намудани ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ ИПВ

Ҷараёни маҳви бемории фалаҷ дар марҳилаи хотимавӣ

Моҳи майи соли 2012, Ассамблеям умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки анҷомдиҳии марҳилаи барҳамдиҳии бемории фалаҷ «Вазифаи фавқулоддаи барномавӣ баҳри тандурустии омма» дар сатҳи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад, Нақшаи стратегӣ оиди барҳамдиҳии бемории фалаҷ ва амалӣ намудани анҷомдиҳии ин марҳила дар солҳои 2013- 2018 таҳия шуд, ки дар он тасвири муносибати ҳамаҷониба барои татбиқ додани маҳви пурраи ин беморӣ, аз он ҷумла ихроҷ намудани ҳар се намуди вируси фалаҷ (ҳам полиовируси ёбоӣ ва ҳам вируси вобаста аз ваксина) дарҷ ёфтаанд.

Бемории фалаҷ чист?

Фалаҷ - ин бемории сироятии тезпаҳншаванда буда, онро энтеровирусҳои ба оилаи Picornaviridae таалуқдошта ба вуҷуд меорад.

Вирус мағзи сарро сироят карда, ба фалаҷи доимӣ (як умра) оварда мерасонад.

Фалаҷ аз одам ба одам ба воситаи муошират мегузарад ва дар муддати кӯтоҳ метавонад дар байни аҳолӣ паҳн шавад.

Дар бисёри сироятёфтагон аломатҳои беморӣ тамоман дида намешаванд ё хеле суст ба мушоҳида мерасанд (90%).

Аммо ба ин нигоҳ накарда, 1 ҳодиса аз 200 сироятёфтагон ба фалаҷи доимӣ ё марг оварда мерасонад.

Намудҳои вируси ёбоии фалаҷ (ВЁФ)

  • Намуди 1 - нахустин намуди ВЁФ, ки то имрӯз гардиш дорад.
  • Намуди 2 - соли 1999 маҳв карда шудааст.
  • Намуди 3 - ҳодисаи охирини ин намуд соли 2012 ба қайд шрифта шуда буд

     

                                          Ду намуди ваксина бар зидди бемории фалаҷ вуҷуд дорад.

 Ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашаванда (ОПВ)                                                                           Ваксинаи гайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалач (ИПВ)                                                            
Ваксинаи зиндаи қобилияташ пасткардашудаи бар зидди бемории фалач (ОПВ) Ваксинаи ғайрифаъолкардашуда (кушташуда) бар зидди бемории фалач (ИПВ)

Се намуд мешаванд:

  • ОПВ севалента СтОПВ') аз сенамуди вирус (1. 2 ва 3) нигоҳ медорад;
  • ОПВ дувалента (бОПВ) аз bhdvcxoh намуди 1 ва 3 нигоҳ медорад;
  • ОПВ яквалента (мОПВ1 баи зидди яке аз намудҳои вирус муҳофизат менамояд (ё 1 ё 2 ё 3).
ИПВ худ севалента буда, аз намудҳои 1, 2 ва 3 вируси фалаҷ нигоҳ медорад.
Ба тариқи қатраҳо гузаронида мешавад. Бо тазриқ гузаронида мешавад.
Камхарҷ ва арзон.                 Қиматтар нисбат ба ОПВ.        
Барои пайдо намудани масуният дар рӯдаҳо мусоидат менамояд ва вобастагӣ ба масъунияти аҳолӣ (популяция) дорад. Масуният дар хун пайдо мешавад.
Одамони иммунизагсия нагирифтаро, вале бо иммунизатсиягиранда дар алоқаи зич бударо муҳофизат менамояд. Танҳо шахси иммунизатсияшударо аз се намуди вируси фалач эмин нигоҳ медорад.
Дар ҳолатҳои хеле нодир, ОПВ метавонад фалаҷро ба вуҷуд орад (ФПВВ ва гВВВ). ИПВ фалаҷи паралитикии вобаста аз ваксина (ФПВВ) ё вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбударо(ВФВА) ба вуҷуд намеорад.
 

Истифодабарии ҳарду ваксина дар як вақт - беҳтарин шакли ҳимояро бар зидди бемории фалаҷ таъмин мекунад, ҳам барои кӯдакатон ҳимоя мешавад ва ҳам кӯмак барои ҳифзи ҷомеъа!


Иммунизатсияи ИПВ дар синни 4 моҳагии кӯдак, дар якҷоягӣ бо ОПВЗ ва ПентаЗ ворид карда мешавад.

Ҳангоми ворид намудани ИПВ бо дигар ваксинаҳои дар тақвими миллӣ пешбинишуда, самаранокии ин ваксинаҳо паст намешавад.

                                                                        ТАҚВИМИ МИЛЛИМ ИММУНИЗАТСИЯ

        Муҳлати гузаронидани                                   иммунизатсия                                                                                              Номгӯи ваксинаҳо                                                                                                                                                Бар зидди кадом беморӣ                                                                                                                      
Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд ОПВ-О (сифрӣ), ГВ- 1 Фалаҷ ва Гепатита В
Дар 3-5 рӯзи баъд аз таваллуд БСЖ-1 Сил
2 моҳагӣ Пентавалентии -1 (АКДС1+НiЬ1+ ГВ2), ОПВ-1, Рота -1 Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли Ь, гепатита В, фалаҷ, сирояти ротавирусӣ
3 моҳагӣ Пентавалентии - 2 (АКДС2+ Hib2+ ГВз), ОПВ -2, Рота 2
 
Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли b, гепатити В, фалаҷ, сирояти ротавирусй
4 моҳагӣ Пентавалентии- 3 (АКДСз+ Hibз+ ГВ4), ОПВ-З, ИПВ Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли Ь, гепатити В, фалаҷ,
12 моҳагӣ СГ-1, ОПВ-4 Сурхча ва гулафшон, фалаҷ
Дар 16-23 моҳагӣ АКДС     Кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз
6 солагӣ СГ -2, БСЖ-2, АДС     Сурхча ва гулафшон, сил, Гулӯзиндонак ва кузоз
Дар 16 солагӣ АДС-м, БСЖ - 3 Гулӯзиндонак, кузоз ва сил
Баъди ҳар 10 сол (26, 36, 46, 56 солагӣ) АДС-м - 2,3,4, 5 Гулӯзиндонак ва кузоз

Истифодабарии ОПВ ва ИПВ дар якҷоягӣ, беҳтарин ҳимояро дар марҳилаҳои охирини маҳви фалаҷ таъмин

менамояд.