Кӯдаконро то касалшавӣ бояд муҳофизат намуд.

Дар пешгирии бемориҳои сироятшаванда иммунизатсия моҳияти муҳимро баҷо меоварад. Дар мавриди иммунизатсия, дар организм масуният (сироятнопазирй) нисбати он беморй пайдо мешавад, ки бар зидди он равона карда шудааст.

Ба иммунизатсия кӯдакони сиҳат бо аз назаргузаронии иешакй аз тарафи духтур ҷалб мешаванд.

Агар кӯдак ба бемории роҳҳои нафас ё дигар бемориҳои шадид гирифтор бошад, иммунизатсия танҳо баъди сиҳатшавӣ гузаронда мешавад. Дар ҳар як муассисаи тиббӣ номгӯи бемориҳо, муваққатан радкунии тиббй аз иммунизатсия мавҷуд ҳастанд, ки дар он вақт кӯдакро иммунизатсия намекунанд.

Танҳо он кӯдаконе, ки тамоми намуди иммунизатсияро, ки мувофиқи Тақвими миллии иммуназатсия иешбинй шудааст ва дар сари вакт гирифта бошанд, аз бемориҳои сироятшаванда муҳофизат мешаванд ва кафолати касал нашудан доранд.

САЛОМАТИИ КУДАКИ ШУМО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМО МЕБОШАД

Ҳар як иммунизатсия аз тарафи корманди тибби соҳибтаҷриба дар муассисаи тиббии маҳаллаи Шумо РОЙГОН (БЕПУЛ) гузаронида мешавад.

• Волидайн бояд кӯдаконашонро барои иммунизатсия ба муассисаи тиббй биёранд.

• Онҳо бояд донанд, ки кай боз бори дигар кӯдаконашонро ба иммунизатсияи такрорй меоранд.

• Волидайн барои иммунизатсияи кӯдаконашон ҷавобгӯ мебошанд.

Кӯдаконатонро иммунизатсия карда, Шумо онҳоро муҳофизат менамоед ва ба онҳо дар оянда саломатии хубро таъмин мекунед.

КӮДАКОНРО ДАР САРИ ВАҚТ ИММУНИЗАТСИЯ КУНЕД!

Дар бадани кӯдак бар зидди на ҳамаи бемориҳои сироятшаванда масуният (сироятнопазирӣ) мавҷуд аст ва барои ин, кӯдак бояд ҳама намуди иммунизатсияро дар вақти муайяншуда қабул кунад.

Иммунизатсияи дар сари вақт гирифтаи кӯдакон бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, сулфакабутак, фалаҷ, кузоз, сил, гепатити В ва диареяи кӯдакон, хатари беморшавиро пешгирй менамояд.

Бо воситаи иммунизатсия мо метавонем ба пуррагй бемориҳои хатарноки сироятшаван-даро маҳв намоем. Гули калон (оспа), фалаҷ маҳв карда шуд, дар арафаи маҳвшавӣ бемории сурхча ва гулафшон истодааст.

Дар замони муосир ваксинаҳои нав истеҳсол шуда истодаанд, ки хеле фоидабахш ва бехатар мебошанд.

  ТАҚВИМИ МИЛЛИИ ИММУНИЗАТСИЯ

                             Намуди  ваксина

Мӯҳлати  иммунизатсиякунӣ

ОПВ-О (сифрӣ), ГВ-1

Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд

БСЖ

Дар рӯзҳои 3-5-уми баъд аз таваллуд

Пентаваленти - 1 (АКДС-1, Hib-1, ГВ-2), ОПВ-1, Рота-1

Дар 2-моҳагӣ

Пентаваленти - 2 (АКДС-2, Hib-2, ГВ-3), ОПВ-2, Рота-2

Дар 3 моҳагӣ

Пентаваленти - 3 (АКДС-3, Hib-З, ГВ-4), ОПВ-3, ИПВ

Дар 4 моҳагӣ

СГ (MR) -1, ОПВ-4

Дар 12 моҳагӣ

АКДС-4

Дар 16-23 моҳагӣ

СГ (MR) -2; БСЖ-2; АДС

Дар 6 солагӣ

АДС-М; БСЖ-3

Дар 16 солагӣ

АДС-М - 2, 3, 4, 5

Баъди ҳар 10 сол (26, 36, 46, 56 солагӣ)

Баъзе намудҳои иммунизатсия танҳо як маротиба, баъзеашон вобаста ба хосияти иммунобиологиашон якчанд маротиба дар ҳаёти кӯдак гузаронида мешаванд. Муҳимаш он аст, ки кӯдак бояд мувофиқи Тақвими миллй ҳамаи намуди иммунизатсияро сари вақт қабул кунад.

КУДАКИ АЙЁМИ БЕҲТАРИНИ ЗИНДАГИСТ!

Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад ва бояд бар зидди бемориҳои сироятй иммунизатсия карда шавад. Танҳо бо ҳамдастии якдигар мо метавонем кӯдаконро аз бемориҳои сироятй эмии иигоҳ дорем.


Оиди ҳамаи саволҳои ба миён омада Шумо метавонед ба мо муроҷиат намоед

Суроға:

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и

Вазорати таидурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистои

ш. Душанбе, кӯч. Шерози 8 телефон: (992-37) 227-26-94 тел: (факс (992-37) 221-10-73 E-mail: rcip.tj@mail.ru