Тақвими миллии иммунизатсия

                                          ПАДАРОН ВА МОДАРОНИ МУҲТАРАМ

Сари вақт гузаронидани иммунизатсия, кӯдакони Шуморо аз бемориҳои фалаҷ, Гепатити В, сил, гулузиндонак,

кабудсулфа, кузоз сирояти гемофилии шакли b, сурхча, гулафшон ва сирояти ротавирусӣ эмин нигоҳ медорад.

                                                      ТАҚВИМИ МИЛЛИИ ИММУНИЗАТСИЯ

                             Намуди  ваксина
Мӯҳлати  иммунизатсиякунӣ
ОПВ-О (сифрӣ), ГВ-1
Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд
БСЖ
Дар рӯзҳои 3-5-уми баъд аз таваллуд
Пентаваленти - 1 (АКДС-1, Hib-1, ГВ-2), ОПВ-1, Рота-1
Дар 2-моҳагӣ
Пентаваленти - 2 (АКДС-2, Hib-2, ГВ-3), ОПВ-2, Рота-2
Дар 3 моҳагӣ
Пентаваленти - 3 (АКДС-3, Hib-З, ГВ-4), ОПВ-3, ИПВ
Дар 4 моҳагӣ
СГ (MR) -1, ОПВ-4
Дар 12 моҳагӣ
АКДС-4
Дар 16-23 моҳагӣ
СГ (MR) -2; БСЖ-2; АДС
Дар 6 солагӣ
АДС-М; БСЖ-3
Дар 16 солагӣ
АДС-М - 2, 3, 4, 5
Баъди ҳар 10 сол (26, 36, 46, 56 солагӣ)

 

КОРМАНДОНИ ТИБ ДАР ҲУЗУРИ ШУМО БАРОИ ҲАР ЯК ИММУНИЗАТСИЯ АЗ СӮЗАНДОРУИ НАВ БОЯД ИСТИФОДА БАРАНД!

Сӯзандорудое, ки истифода бурда мешаванд, бояд ҳамон замон дар қуттиҳои маҳви бехатар ҷамъ карда, сипас сузонда шаванд.

                                                              ИММУНИЗАТСИЯ РОЙГОН ACT!

ОПВ
Ваксинаи зидди бемории фалаҷ;
ГВ
Ваксинаи зидди бемории гепатити В;
БСЖ
Ваксинаи зидди бемории сил;
Пентаваленти
Ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии шакли b (Hib), гепатити В;
Рота
Ваксинаи зидди сирояти ротавирусӣ;
ИПВ
Ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ;
СГ (MR)
Ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон;
АКДС
Ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа ва кузоз;
АДС
Ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз;
АДС-М
Ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигенҳо (барои калонсолон).