Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани иммунизатсияро бар зидди 10 намуди бемориҳои сироятӣ барои кудакон тавсия медиҳад, аз ҷумла бар зиддӣ сурхча, гулафшон, гепатити В, гулўзиндонак, кузоз (столбняк),
кабудсулфа, сирояти гемофилии типи В, фалаҷ (полиомиелит), сирояти ротавирус ва сил;
Кўдак барои иммунизатсия бояд шаш маротиба ба муассисаҳои тиббии ҷойи зисташон оварда шавад;
Ҳар вояи (дозаи) ваксина муҳим аст, зеро ҳамаи онҳо кўдакро аз бемориҳое, ки барои навзодон ва кўдакон хатарноканд, муҳофизат
мекунанд.